ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ХУШКСОЛӢ. Тақрибан 40% тамоми захираҳои замин дар ҷаҳон дар ҳоли таназулёбӣ қарор дорад

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ, ки ҳамасола 17 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ соли 1994 қабул гардидааст. Имсол кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолиро таҳти шиори «Заминро барқарор кунед. Имкониятҳоро кушоед» ҷашн мегиранд.

Биёбоншавӣ яке аз мушкилоти глобалӣ буда, ба гуногунии биологӣ, амнияти экологӣ, аз байн бурдани камбизоатӣ, суботи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва рушди устувор таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Заминҳои лалмӣ махсусан осебпазиранд. Тақрибан 50 миллион нафар метавонанд дар давоми 10 соли оянда дар натиҷаи биёбоншавӣ овора шаванд. Биёбоншавӣ мушкилоти нав нест — он дар таърихи инсоният нақши муҳим бозида, ба суқути якчанд империяҳо ва кӯчонидани аҳолии маҳаллӣ мусоидат кардааст. Аммо имрӯз мизони таназзули замини корам нисбат ба суръати таърихӣ аз 30 то 35 маротиба зиёдтар ҳисоб карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки тақрибан 40% тамоми захираҳои замин дар ҷаҳон дар ҳоли таназулёбӣ қарор дорад, ки раванд боиси бад шудани ҳолати физикӣ, биологӣ ва химиявии хок мегардад. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ имрӯз як қатор кишварҳо аз ҷумла Мексика, Аргетина, Испания, Ҳиндустон аз гармии ғайримуқарарии ҳаво ва хушксолии шадид азият мекашанд.

Ёдовар мешавем, ки Қарор дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди биёбоншавӣ бори нахуст соли 1994 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабул гардидааст. Ба кишварҳои ҷаҳон пешниҳодшуд, ки санаи мазкурро барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҷомеа оид ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва оқибатҳои хушксолӣ, инчунин рафти иҷрошавии Конвенсия дар бораи мубориза бар зидди биёбоншавӣ бахшанд.

Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи биёбоншавӣ аз тамоми кишварҳое, ки ба он шомиланд, тақозо менамояд, ки нақшаҳои амали миллии дурнамои худро оид ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, истифодабарии замин, ҷангал, об ва олами ҳайвонот барои рушди устувор таҳия намоянд ва амалишавии онро таҳти назорат қарор диҳанд.