Имрӯз дар меҳмонхонаи “Кангурт”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Миёнаҷигарии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон: беҳтарсозии дастрасӣ ба адолат, муҳити сармоягузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон” баргузор гардид.
Дар кори он намояндагон аз Вазорату идораҳои марбута, сохторҳои дахлдор, олимону коршиносони соҳа ва шарикони рушд аз кишварҳои хориҷ аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Мақсади асосии ин чорабинӣ пеш аз ҳама ба миён гузоштани фаъолияти кории самти сиёсати давлат дар таъмини ҳифзи ҳукуқи инсон, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва истифодаи механизми миёнҷигарӣ мебошад.
Инчунин гуфта шуд, ки баргузории ин ҳамоиш барои қабули лоиҳаи Қонун дар бораи медиатсия заминаи мусоид фароҳам меорад, зеро омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо дар қабули ин қонун муҳим аст. Медиатсияяке аз василахои алтернативии ҳалли баҳсҳо дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон мавқеи муҳим пайдо кардааст.
Дар фароварди ҳамоишимазкур қайд гардид, ки чун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми тартиботи расмиёти миёнаҷигарӣ васеъ ташакул наёфтааст, дар оянда заминаи ҳуқуқӣ ва заминаи амалии чунин як механизм ҷорӣ хохад шуд ва қабули лоиҳаи қонун дар бораи медиатсия ба иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба муносибатҳои тиҷоратӣ ҷалб шудаанд, имконияти тарзи ҳалли баҳсҳоро бо усули алтернативӣ пешбинӣ намуда, дар оянда ба ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон«