Солҳои охир сигоркашӣ дар байни мардум ба хусус ҷавонон бештар ба назар мерасад, ки ин ҳолат хеле ташвишовар мебошад. Чунки сигоркашӣ на танҳо ба саломатӣ шахс, инчунин ба ҳолати равонии сигоркаш ва атрофиёнаш низ таъсири манфӣ мерасонад.
Сигоркашӣ амали номатлуб ва зарарнок барои саломатии инсон буда, истифодаи бардавоми он ба бемориҳои дилу рагҳо, роҳҳои нафас ва дар ниҳоят ба бенаслӣ оварда мерасонад. Ба гуфтаи Дилафрӯз Худойқулова мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим, сигор ва дигар нушокиҳои спиртӣ дар таркибашон зиёда аз 7 ҳазор элементҳои химиявӣ доранд, ки дар организми шахси истифодабаранда вобастагиро ба вуҷуд меоранд. Бо назардошти ин шахсоне, ки аз сигоркашӣ ё майнушӣ даст кашиданӣ мешаванд, барои тарки ин одат ба онҳо муддати тӯлонӣ лозим аст.
Бояд гуфт, ки сигор на танҳо ба худи сигоркаш, инчунин ба атрофиёни ӯ низ зарар мерасонад. Тавре Дилафрӯз Худойқулова мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим зимни суҳбат ба мо гуфт, шахсе ки сигор мекашад аллакай организмаш ба дуди он мунобиқ шудааст, вале нафаре, ки сигор намекашад ва дар паҳлуи шахси сигоркаш истодааст, зарари бештар мебинад. Аз ин хотир муҳит хам барои ба сигоркашӣ рӯ овардани шахс, ба хусус ҷавонону наврасон, таъсир мерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки сигоркашӣ таъсири манфии худро ба майнаи сар ва системаи асаб низ мерасонад. ба таъкиди Дилафрӯз Худойқулова мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим, нафарони сигоркаш ба хусус ҷавонону наврасон дар ҳолати дарёфт накардани сигор зуд асабӣ мешаванд ва ин барои ҷомеа хатарнок мебошад. Ин ҳолат метавонад боиси ҷангу хархаша миёни онҳо гардад ва дар ниҳоят имкон дорад, ки ҷавон ё наврас барои дарёфт кардани сигор даст ба дуздӣ занад.
Бояд гуфт, ки сигоркашӣ ба ғайр аз саломатӣ, пеш аз ҳама ба буҷа ва муҳити оила зарар мерасонад. Агар дар оила падар сигоркаш бошад, ин ҳолат ба фарзандон бетаъсир буда наметавонад. Аз ин хотир барои пешбурди тарзи ҳаёти солим миёни насли наврас волидон нақши муҳим мебозанд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»