Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони Гурӯҳи фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, дар минтақаи хизматрасонии ДС “Панҷоб”-и қисми низомии 0307-и ҚС КДАМ ҶТ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон як ҳолати қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз ҷониби гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷалоб аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон ошкор ва пешгирӣ гардид.
Зимни чорабинӣ аъзои гурӯҳи нашъаҷалоб шаҳрванди ҶТ Бобоҷони Абдулҳақ, соли таваллудаш 1991, зодаи деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар минтақаи болозикр боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи номбурда тамғаи “BYD”-и ширкати мусофиркашонии «3333», рақами қайди давлатиаш 4831ТТ09, рангаш сабз, аз дохили он 139 адад бастаи маводи нашъовар дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамзамон, дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ фаврӣ дар минтақаи мазкур 41 адад бастаи дигари маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.
Дар рафти бозпурсии Бобоҷони Абдулҳақ муайян карда шуд, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро аз қочоқбарои афғон ба маблағи 20 000 доллари амрикоӣ дастрас намуда, мақсад доштааст тавассути ҳаммаслакони ҷиноятии худ онро ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва баъдан ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.
Дар доираи идомаи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ҳаммаслакони ҷиноятии Бобоҷони Абдулҳақ — шаҳрванди Афғонистон Акбари Ҳиҷрат Акбар, соли таваллудаш 1994, зодаи шаҳри Кобул, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи “20-солагии Истиқлолият”, бинои 42А, хонаи 7, ва шаҳрвандони ҶТ Қосимзода Сафаралӣ Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 1989, зодаи деҳаи Ёли ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Иброҳимов Раҳмоналӣ Сайдалиевич, соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати шаҳраки Москва, кӯчаи С.Шерозӣ ва Назиров Диловар Сулаймонович, соли таваллудаш 1989, зодаи деҳаи Ёли ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Ш.Шоҳин, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муайян гардида, дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд боздошт шуданд.
Пас аз дастрас намудани маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ Қосимзода Сафаралӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо Бобоҷони Абдулҳақ, ин маблағро бо мақсади интиқол додан ба қочоқчиёни Афғонистон, дар шаҳри Душанбе ба шаҳрванди Афғонистон Акбари Ҳиҷрат Акбар додааст.
Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҶТ вазни умумии маводи мухаддири дарёфтшуда 178 килограмму 845 граммро ташкил дода, аз он 148 килограмму 129 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ва 30 килограмму 333 грамм воситаи нашъаовари “афюн” мебошад.
Ҳамин аст, ки имрӯз масъалаи мубориза бо маводи мухаддир бояд ҳамчун мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳувият, асолати миллӣ ва ояндаи ҳар миллат дониста шуда, ҳеҷ фарди солимақлу бофарҳанг аз иштироку саҳмгузарӣ дар пешгирии қочоқ, муомилот ва паҳнсозӣ маводи нашъадор худро дар канор нагирад. Кумаки беғаразонаи хешро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати аз байн бурдани омилони ҷинояткор ва дар маҷмӯъ решакан сохтани ҳамагуна намудҳои ҷинояткорӣ дареғ надорад.