Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои наққош ва муҷассамасози маъруфи афғонистонии муқими Амрико — Амонуллоҳ Ҳайдарзод баргузор гардид.
Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод, чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги мамлакат ба хотири қадрдонӣ аз коркардҳои наққош ва муҷассамасоз — Амонуллоҳ Ҳайдарзод роҳандозӣ гардидааст.
Дар маросими кушодашавии намоишгоҳ Зафаршо Иброҳимзода директори Осорхонаи миллӣ баромад карда, иброз намуд, ки Амонуллоҳ Ҳайдарзод хатмкардаи Академияи ҳунарҳои зебои Рим ва Институти ҳунарҳои «Короро» дар Италия буда, устод ва бунёдгузори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобул мебошад.ва бунёдгузори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобул мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ ба устод Амонуллоҳ Ҳайдарзод медалу сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар анҷом намоишгоҳи асарҳои устод ифтитоҳ гардид.