Дар қисми ҷанубии вилояти худмухтори Гуанси Чин борони шадид борида, боиси обхезӣ гардид. Тавре агентии иттилоотии синхуа хабар медиҳад, дар натиҷаи обхезӣ се нафар ба ҳалокат расида, даҳо каси дигар маҷруҳ шуданд.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, дар 24 соати оянда дар музофотҳои Гуандун, Фуҷян ва Чжэцзян боришоти шадид дар назар аст. Мақомот аз эҳтимоли обхезии минбаъда ҳушдор медиҳанд ва ба маъмурияти маҳаллӣ тавсия медиҳанд, ки дар сурати зарурат мардумро эвакуатсия кунанд.