8 май мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар баргузор гардидааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, иштироки Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳимми мамлакат ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.