Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи “Бозтоби бунёди сохтмонҳои азим дар публисистикаи муосир”

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Бозтоби бунёди сохтмонҳои азим дар публисистикаи муосир” баргузор гардид.

Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод, дар чорабинӣ устодону профессорони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбарияту кормандони Пажуҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот иштирок намуд.

Дар доираи мизи гирд иштирокчиён доир ба инъикос ва тарғиби сиёсати созандаи Президенти кишварам, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди сохтмонҳои азим аз ҷумла НБО Роғун дар асарҳои публисистии профессор Мурод Муродӣ, маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки масъалаҳои инъикоси бунёди сохтмонҳои азим як самти фаъоляти таҳқиқотии устод Мурод Муродиро дар бар гирифта, он барои муҳаққиқони ҷавон ҳамун манбаи боэътимод, мусоидат хоҳад кард.