Баргузории ҳамоиш бахшида Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа дар Хадамоти алоқа

Имрӯз дар IT-PARK DUSHANBE бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз вазорату идораҳо, масъулини соҳаи алоқа ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Исфандиёри Саъдулло — сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳмонзода Абдураҳмон- муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Хуршед Мирзо — Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иди касбии кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқаро ба ҳозирин ва масъулин табрик гуфтанд. Ҳамчунин аз дастовардҳои муҳими соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ карданд. Зикр гардид, ки дар асри 21 татбиқ ва баҳрабардории васеъ аз технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ авлавияти хос ва аҳамияти стратегӣ пайдо намудааст.

Дар қисмати дигари чорабинӣ як қатор ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ, намояндагони ВАО, кормандон ва собиқадорони соҳаҳои алоқа бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаи “Устоди алоқа” қадрдонӣ гардиданд.

Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 7-уми май ҳамчун Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа таҷлил мегардад.