Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла натиҷаҳои интихоботи вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди тиҷорати рақамӣ, тавсеаи бунёди зерсохтори энергетикӣ дар кишвар, мушкилоти афзоиши бақияи қарзи андозҳо ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 март матлабе бо номи “Мушоҳидони байналмилалӣ: Интихобот ошкоро ва шаффоф баргузор шуд” чоп кардааст.
Муаллиф менависад, ки интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки 2-юми марти соли 2025 дар фазои озоду руҳияи идона баргузор гардид, боз як саҳифаи тозаро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боз намуд.
Ба таъкиди муаллиф, ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир шуд, таваҷҷуҳи доираҳои таҳлилиро ба худ ҷалб сохт. Зимнан, гурӯҳи нозирони байналмилалӣ ба ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ баҳои баланд доданд.
Аз ҷумла, Леонид Анфимов, роҳбари намояндагии ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гуфт, ки интихобот тибқи қонунгузории муайяншуда сурат гирифта, нозирони ин ҳайати ягон қонуншиканиеро, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонда тавонад, муайян накарданд. Овоздиҳӣ дар вазъияти ором ва дараҷаи баланди ташкилӣ гузашт.
Дар баробари ин Пиао Янфан муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай гуфтааст, ки аъзои комиссияҳои участкавии интихоботӣ барои овоздиҳӣ ва риояи принсипҳои холисона тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Ба гуфтаи номбурда фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ босифат, шаффоф ва мустақил ба роҳ монда шуда, ҳайати мушоҳидон ягон ҳолати нақзи қонунро сабт накард.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 5 март мақолае бо номи “SMM-мутахассис – калиди рушди тиҷорат дар асри рақамӣ” чоп кардааст. Муаллиф менависад, имрӯзҳо, ки фазои интернетӣ ба маркази асосии фурӯш ва таблиғ табдил ёфтааст, эҳтиёҷ ба SMM – мутахассисон босуръат меафзояд.
Ба гуфтаи муаллиф, шабакаҳои иҷтимоӣ дигар танҳо воситаи муошират нестанд – онҳо ба абзори тавоно барои пешбурди тиҷорат, эҷоди брендҳо ва зиёд кардани фурӯш табдил ёфтаанд.
Фирӯз Зайниддинӣ, коршинос дар соҳаи тиҷорати электронӣ дар ин замина гуфтааст, ки имрӯз тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад ва нақши SMM-мутахассисон дар пешбурди фурӯш ва муаррифии брендҳо хеле муҳим аст.
Ба гуфтаи вай, агар ин равандҳо ба таври дуруст ва муназзам ба роҳ монда шаванд, на танҳо ширкатҳои алоҳида, балки иқтисоди Тоҷикистон аз он манфиат мебардорад”.
Дар баробаори ин дар мақола зикр мешавад, ки бо вуҷуди талаботи зиёд, шумораи SMM-мутахассисони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам кам аст. Бо назардошти ин, ширкатҳо аксар вақт бо мутахассисони сатҳи паст рӯ ба рӯ мешаванд, ки рекламаи бесамар тартиб медиҳанд ва ба рушди тиҷорат таъсири манфӣ мерасонанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 март мақолае бо номи “Парлумони касбӣ. Ҳамқадаму ҳамнафаси миллату давлат” чоп кардааст.
Қодири Қосим, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муаллифи матлаб менависад, ки Маҷлиси намояндагон дар давоми даъвати шашум фаъолияти хешро бо назардошти ин таҳаввулоти таърихӣ роҳандозӣ намуда ба соҳаҳое бештар таваҷҷуҳ намуд, ки заминаи қонунгузории онҳо куҳна шуда буд ё аслан вуҷуд надошт.
Ба гуфтаи муаллиф, мусалламан, таъсиси парламент дар ҳар як кишвар рӯйдоди бунёдии таърихӣ ба шумор меравад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад: парламент дар мамолике пурқувват аст, ки ҳам иқтидори давлат ва ҳам нуфузи ҷомеа рӯ ба афзоиш мебошанд. Ва баръакс, бе парламенти пурқувват ҷомеа шаҳрвандӣ, давлат мустаҳкам ва ҳокимият халқӣ буда наметавонанд.
Муаллиф дар идома таъкид мекунад, ки моҳиятан, Маҷлиси намояндагон дар таърихи Тоҷикистон нахустин институти ҳақиқии демократӣ гашт, парламенте шуд, ки дар он қонунҳо бори аввал ошкоро ва коршиносона эҷод, баррасӣ, таҳрир ва қабул шуданд.
Маҷлиси намояндагон ба маркази ҳаёти сиёсии кишвар табдил ёфт. Солномаи парламентаризми ватанӣ бахши арзишмандтарин ва сабақомӯзи таърихи навини Тоҷикистон маҳсуб мешавад, — таъкид кардааст муаллифи мақола.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 5 март матлабе бо номи “Парлумони нав. Кӣ аз кадом ҳизбу ҳавза вакил шуд?” нашр кардааст.
Дар ин матлаб нашрия, натиҷаи интихоботи парлумонии рӯзи 2-юми март дар Тоҷикистонро чоп карда, номи ҳамаи вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагонро нашр кардаааст.
Гуфта мешавад, ки аз ҳавзаи ягонаи умуми ҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соҳиби 12 курсӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон — 1 курсӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон — 1 курсӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — 3 курсӣ шуданд.
Инчунин, аз 41 ҳавзаи якмандатӣ аз 37 ҳавза номзадҳои ҲХДТ, дар 2 ҳавза номзадҳои ҲИИТ ва дар 2 ҳавза номзадҳои ҲАТ баранда шудаанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин хабар медиҳад, ки ахиран гурӯҳе аз рӯзноманигорон аз раванди корҳои сохтмонӣ ва васлу насби Истгоҳи конвертории Сангтӯда, ки дар доираи Лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, шинос шуданд.
Гуфта мешавад, ки истгоҳи мазкур барои интиқоли 1300 МВт неруи барқи истеҳсолнамудаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон дар мавсими гармо пешбинӣ шудааст. Сохтмони он соли 2019 оғоз гардида, дар ҳудуди 25 гектар бунёд шудааст.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки истгоҳи конвертории Сангтӯда — нахустин ва бузургтарин истгоҳи конверторӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки бо ба истифода додани он Тоҷикистон қадами муҳимеро дар рушди энергетикаи минтақа мегузорад
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 6 март хабар медиҳад, ки Бонки Осиёии Рушд ҳимояти худро барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ки дар ин бора Ко Сакамото раҳбари нави намояндагии ин созмони молӣ дар Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон хабар дод.
Сакамото ҳамчунин гуфтааст, ки Бонки Осиёии Рушд барои пайвастан ба консорсиуми созмонҳои байналмилалии молӣ, ки барои маблағгузорӣ ва иҷрои тарҳи неругоҳи Роғун кор мекунанд, даъват шудааст. Вай афзуд, ки дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 500 миллион доллар кумаки молӣ дархост кардааст ва ҳоло ин масъала дар ҳоли баррасӣ аст.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 6 март рӯйхати андозсупорандагоне, ки бақияи қарзи андози онҳо ба ҳолати 1 феврали соли 2025 зиёда аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, нашр кардааст. Тибқи ин руйхат дар садри ширкатҳои қарздор Ҷамъияи саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» қарор дорад, ки беш аз 175 млн сомонӣ аз андоз қарздор аст.
Дар идома номи Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ангишт»-и шаҳри Исфара бо зиёда аз 12 млн. сомонӣ қарзи андоз, хоҷагии тухмипарварии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён ҳудуди 10 млн. сомонӣ, ҶСК «Алюминсохтмон» беш аз 7 млн. сомонӣ, «Шахтаи Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ 7,8 млн. сомонӣ ва ҶДММ «ТАКОМ» бо қарзи андоз ба маблағи 6,3 млн. сомонӣ зикр шудаанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”