Қатъ гардидани фаъолияти 7 шурои диссертатсионӣ дар соли 2024

Соли 2024 ба Комиссияи олии аттестатсионӣ 866 парвандаи атестатсионӣ ворид гардидааст. Дар ин бора Сайфиддин Давлатзода раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт, ки аз ин шумора 688 ададашон тасдиқ гардида, 133 адади онҳо дар баррасии комиссия қарор доранд.

Соли 2024 дар пояи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишвар 16 адад шуроҳои дисертатсионӣ ташкил гардида, ҳамзамон дар ин давра фаъолияти 7 шурои диссертатсионӣ қатъ карда шуд. Сайфиддин Давлатзода раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки сабаби қатъ гардидани 7 шуро ин мутобиқат накардани равонди коргузории онҳо ба талаботи қарорҳои Ҳукумати ҶТ мебошад.

 Соли 2024 дар назди Комиссияи олии аттестатсионӣ шуроҳои фаъол, камфаъол ва шуроҳҳои буданд, ки тамоман ҳиямояи корҳои номзадию докторӣ нагузарониданд. Ба гуфтаи Сайфиддин Давлатзода раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои фаъоли дисертатсионӣ дар самти иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, филология, тиб ва таҳсилот буданд. Вале Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи А. Рӯдакӣ дар самти таҳсилот, Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, факултаи психологияи ДМТ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов дар якҷояги бо Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, ягон шурои дифоъ нагузаронидаанд.

Соли 2024 миёни 16 самти илм, ҳиямояи бештари корҳои номзадию докторӣ дар самти илмҳои иқтисодӣ анҷом дода шудааст, ки 20. 3% ташкил медиҳад. Сайфиддин Давлатзода раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дисертатсияҳои ҳимояшуда дар самти илмҳои нодир аз қабили геология, гидрология, геоэкология, технологияиҳои иттилоотӣ, энергетика, нанотехнология, генетика, сотсиолигия, психология, иқтисоди рақамӣ, демография, ҳуқуқи байналмилалӣ ва арупоӣ дар тӯли фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ 114 ададро ташкил медиҳад, ки 22 адади он ба соли 2024 рост меояд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»