Баргузории мизи мудаввар оид ба баррасии рафти иҷрои “Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ”  

27 ноябри соли 2024 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Хилтон” оид ба баррасии рафти иҷрои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки кормандону мутахассисони Кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои масъули асосии чорабиниҳои Барнома, устодон аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва волонтёрони экологӣ мизи мудаввар баргузор гардидааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва роҳбари Раёсати иқтисод ва муҳити зисти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Штефан Ханиш ифтитоҳ намуда, оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ намуда, аз нақшаҳои пешбинишуда дар масъалаҳои мавриди назар андешаҳои худро изҳор намуданд. Аз ҷумла муовини якуми раиси Кумита қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад, ҳамаи он пешниҳодҳои байналмилалии обу экология ва қабули онҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ, инчунин дар кишвар қабул ва амалӣ гардидани се маротиба Барномаи давлатӣ дар самти маърифатнокии экологии қишрҳои гуногуни ҷомеа гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд.

Сипас дар қисмати дигари мизи мудавар аз ҷониби масъулони сохтору мақомоти дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятию тиҷоратӣ оид ба татбиқи Барномаи давлатии кунунии марбут ба маърифати экологии аҳолӣ баромадҳо, рӯйнамоҳо пешниҳоди иштирокдорон карда шуд. Ҳамзамон, дар доираи мавзуъҳои ҷолиби пешниҳодшуда саволу ҷавоб сурат гирифт. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои ҳамкориҳои зич, табодули афкор ва пешниҳоди фикру андешаҳои навин дар рушди устувори маърифати экологӣ мусоидат менамояд.

Тибқи хулосаҳои баровардашуда, маърифати экологӣ низ дар асри рушди технология муҳимтарин мафҳум барои ҳифзи имрӯзу фардои сайёра ва инсоният мебошад.