Имрӯз дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ доир гардида, ҳадафи он такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон мебошад.
Пеш аз оғози маросим дар саҳни Кохи Суруши шаҳри Душанбе маҳсули эҷоди таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар оғози маросим Масрур Абдуллозода мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баромад карда, қайд намуд, ки дар ҷомеаи имрӯза роҳи ягонаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба зиндагии шоиста, ин омӯхтани илму дониш, техникаву технологияи муосир ва аз худ кардани касбу ҳунар мебошад.
Баъдан Фарҳод Раҳимӣ раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки дар ҷомеаи муосир бо шуғли муносиб фаро гирифтани аҳолӣ, ба хусус ҷавонон яке аз воситаҳои асосии ба даст овардани баробарии иҷтимоӣ ва дар ин замина тарбия намудани онҳо дар руҳияи меҳнатдӯстӣ мебошад.
Ҳамчунин дар маросим роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон суханронӣ карда, иброз намуд, ки таҳсилоти касбӣ дар ҷаҳони имрӯза барои пешрафти ҳар як давлат ва имконият фароҳам меоварад, ки аҳолӣ ҳам дар бозори дохтлӣ ва ҳам бозори ҷаҳонӣ кор пайдо карда, соҳиби даромад шавад.
Дар идома ба ғолиб диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Марвид ба зикр аст, ки даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар аз 10 то 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон баргузор гардида, дар он аз рӯйи 10 ихтисос 1000 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 150 нафарашон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.
Сарвинози Саидалӣ,
радиои “Тоҷикистон”