Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустин бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ҳадафи асосӣ қарор дода, дар арсаи байналмилалӣ тавассути пешниҳодҳои муҳимму саривақтӣ ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд.
Ёдовар мешавем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба мақоми Сарвари давлат интихоб шуданашон ба таъмини якпорчагии ҷумҳурӣ, бунёдгузорӣ ба ваҳдати комили миллӣ, барқарорсозӣ ва бартарафнамоии харобиҳои баъдазҷангӣ, бунёдкорию созандагӣ ва муаррифии Ватани маҳбубу миллати тамаддунофари хеш дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ дода, бо тамоми давлатҳои олам муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд намуда, равобити созандаю бародаронаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш доданд. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ҷумҳурӣ ва роҳбари ташаббускору пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки захираҳои об эътироф шудаанд, ки ин мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст. Дар робита ба ин аз суханони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан айни муддао аст: «Давоми соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи ҷумҳурии мо дар робита ба масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтанд. Ҷумҳурии мо минбаъд низ ба ибтикороти созандаи хеш барои ҳалли дигар масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳад».
Роҳбари давлат дар баробари масоили дохилии ҷумҳурӣ ба мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода, онҳоро дар заминаи ақидаҳои мухталифи илмӣ омӯхта, барои ҳаллашон тадбирҳои мушаххас меандешанд. Ду масъалаи ҳалталаб ва мубрами имрӯзаи кураи арз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, тағйирёбии глобалии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мебошад. Ҳарду масъала ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдоми наҷиб пешниҳод доштанд, ки ин ташаббусҳои оқилона аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд.
Ташаббусҳои хирадмандонаву дурандешонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ мешаванд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 марти соли 2018 барои ифтитоҳ бахшидан ба фаъолияти ташаббуси навбатию ҷаҳонии хеш ба шаҳри Ню-Йорки Иёолоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Сафари Пешвои миллат аз дигар сафарҳои ба қароргоҳи бонуфузтарин созмони даҳр — Созмони Милали Муттаҳид кардаашон бо он тафовут дошт, ки ба ду санаи муҳимми башарӣ: ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи ҷаҳонии об рост омад. Ин ду сана, ки ҳардуро сарчашмаи ҳаёти башар номидан ба маврид аст, бо ҳам робита ва пайванди ногусастанӣ доранд. Яъне, Наврӯз ҷашни кайҳону табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳо аст ва ҳамин хусусияти волояш сабаб гардид, ки мавҷудияти худро то замони мо аз даст надода, баръакс дар замони давлатдории миллии мо шукуҳу шаҳомати хоса пайдо намуд ва бо талоши Пешвои миллати тоҷик ҷашни байналмилалӣ унвон гирифт. Об дар баробари хок, бод ва оташ яке аз чор унсури азал, муъҷизаи бузургтарин ва сарвати бебаҳотарини кураи арз буда, мавҷудияти ҳаёт дар биосфера маҳз ба об вобастагӣ дорад.
Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузошта, манбаи асосии ҳаёт будани обро дарк намуданд ва ба он мақоми баланд дода, ҳамеша покиза нигоҳ доштани обро таъкид кардаанд. Дар фарҳанги аҷдодии мо — «Фарҳанги ҷамшедӣ» ва китоби муқаддаси ниёгонамон – «Авесто» мақоми об дар зиндагии инсон ва сифатҳои эзадбонуи ориёии масъули об хеле равшан баён гардидааст. Яъне, дар «Авесто» об, зиндагии фарҳангӣ ва рушди тамаддуни инсонӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.
Маҳз бо шарофати истиқлоли комили сиёсӣ ва ба сари қудрат омадани фарзонафарзанде, чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат буданд, ки меҳанро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ нигоҳ дошта, моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва ҷумҳурии ташаббускору бунёдкор шиносониданд.
Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 «Соли оби тоза» эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти мамлакатамон — шаҳри Душанбе аз 29 август то 1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар заминаи о, дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёд амалӣ карда шуданд.
Сипас, бо ташаббуси дигари Пешвои миллат 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси «Эъломияи Душанбе» Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд.
Азбаски дар тамоми кураи арз беш аз 240 дарёи сарҳадгузар мавҷуд асту аз онҳо зиёда аз 170 давлати мухталифи дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муҳиммияти ин масъала 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили истифодаи самараноки об суханронии пурмуҳтаво намуданд. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри 2010 соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд, ки он аз ҷониби 190 давлати олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.
Президенти мамлакат тамоми кӯшишу ғайратро ба ҳалли на танҳо мушкилоти ҷумҳурӣ, балки масоили минтақавию ҷаҳонӣ равона намуда, дар ин самт ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Иқдоми чоруми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳаммуаллифии 177 мамлакати аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, далели бебаҳси ин гуфтаҳо аст.
Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ он аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар таъмини амнияти экологии сайёра нақши бағоят амиқ дорад. Маълум аст, ки дар аввали соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки чанде аз ин ҳадафҳо бевосита ба масоили экологӣ иртибот доранд. Ҳамзамон дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналхалқӣ давоми 15 соли охир беш аз 7 маротиба симпозиум ва конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалии марбут ба об баргузор карда шуданд, ки ҳамаи он фарогири масоили глобалию экологии вобаста ба об буданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи он мамлакатҳое аст, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои 60-уми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари ҷумҳурии мо аст. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Бино ба ҳисобҳои мутахассисон, агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, он гоҳ сатҳи об дар рӯйи Замин 64 метр баланд мешавад, ки ин оғози аз байн рафтани ҳаёт дар як қисмати азими сайёраи мо аст.
Дар асоси пажуҳиши ҳамаҷонибаи масоили марбут ба иқлим ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ, Президенти Тоҷикистон таъмин кардани мамолики Осиёи Миёна бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи паряхҳоро пешниҳод намуданд, ки ин ташаббусҳо ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд.
Масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси Пешвои миллат буда, 31 август — 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (Женева) ва 7-8 декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (Копенгаген) пешниҳод гардидааст.
Воқеан, агар бодиққат назар намоем, ба хубӣ дида мешавад, ки мамлакате назири Тоҷикистон бо чандин пешниҳодҳои наҷибона кӯшиши саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти доғи ҷаҳони муосир мекунад, ки инсоният имрӯз бо онҳо рӯбарӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, ин ташаббуси нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нест, ки сабаби дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Қаблан низ чандин таклифу пешниҳодҳои башардӯстонаи Пешвои миллат мавриди пазироии сокинони сайёра, хусусан созмони муҳташаме, чун Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд.
Мавриди ёдоварист, ки Тоҷикистон, алалхусус Роҳбари давлат мушкилоти рӯзафзуни сокинони сайёраро барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба хубӣ дарк намуда, ҳамчун ҷумҳурии дорои захираҳои бузурги оби тоза ва ташаббускори ҳалли ин гуна мушкилоти муҳимми инсоният ҳамеша дар ҷаҳду талош буданду мебошанд. Воқеан ҳам, имрӯз ҷумҳурии мо таҳти сарварии Пешвои башардӯсту халқпарвари миллат барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ кардани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода, мусоидат ба татбиқи фарогири ин даҳсола, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон чанде қабл аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, сарвари ҳар давлати ҷаҳонро зарур аст, ки чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии хатарҳои экологӣ дар миқёси сайёра чора ва тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд.
Барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихор ва хушнудӣ аст, ки Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст. Пешниҳоди мазкур бори нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея садо додааст. Дар ин чорабинии муҳим Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба раванд ва натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ибрози ақида намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таваҷҷуҳи бештар дар ҳалли масъалаҳои об ва муҳайё намудани заминаи хуб барои гузариш ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об даъват намуданд. Дар робита ба афзоиши пайвастаи аҳолӣ дар дунё, тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ, норасоии об, бемориҳои сироятӣ, муноқишаҳои сиёсӣ ва дигар ҳаводиси марбут Президенти ҷумҳурӣ барои тақвият додани дастовардҳои то имрӯз ноилшуда ва муҳайё сохтани платформаи иловагӣ бобати мусоидат ба иҷрои ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал зери шиори «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ширкаткунандагони ин Форум пазируфта шуда, барои тасвиб ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур гардид ва он ҷонибдорӣ ёфт.
Ҳамзамон моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ барад. Бо назардошти ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои тамаркуз кардан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Ин иқдом 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум бо қатъномаи «2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул гардид.
Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон аз ҷониби мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад ва пешниҳоди дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз захираи об бой буда, ҳазорҳо пирях, садҳо кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».
Инчунин 23 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Оянда, ки дар доираи иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, суханронӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ин ташаббуси навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими сулҳ, амният ва суботи ҷаҳонӣ равона гардида, ҳадаф дорад, ки наслҳои оянда дар фазои орому осоишта зиндагӣ кунанд. Ин пешниҳод дар заминаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои сулҳ ва ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, махсусан дар соҳаҳои об ва экология, пешниҳод шудааст.
Барои татбиқи ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» якчанд чорабиниҳо ва тадбирҳои муҳим зарур мебошанд.
Чанд роҳи амалӣ намудани ин ташаббуси навбатиро метавон ба таври зайл пешниҳод намуд.
— Аввалан, барномаҳои байналмилалии ҳамоҳангсозӣ дар ин маврид таъсис дода шаванд. Созмони Милали Муттаҳид метавонад барои ҳамоҳангсозии ин ташаббус барномаҳои махсус ташкил намояд, ки ба таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ равона гардида, давлатҳои аъзоро барои муттаҳид шудан дар атрофи ҳадафи умумии сулҳ барои наслҳои оянда даъват кунад.
— Дуюм, гурӯҳҳои кории Созмони Милали Муттаҳид дар ин маврид таъсис дода шаванд. Таъсиси гурӯҳи кории махсус дар Созмони Милали Муттаҳид, ки масъули таҳияи нақшаи амал ва назорати татбиқи даҳсолаи таҳкими сулҳ хоҳад буд, метавонад қадами муассир гардад. Гурӯҳи корӣ метавонад бо намояндагони мамлакатҳои аъзо, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ ҳамкорӣ намуда, нақшаҳои амалро бо шароити ҳар минтақа мутобиқ созад.
Таҳкими механизмҳои пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо низ дар ин масъала муҳим арзёбӣ мегардад. Барои таҳкими сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ рушди механизмҳои пешгирии низоъҳо ва мустаҳкам намудани равандҳои сулҳофаринӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур аст. Ин тадбирҳо метавонанд тавассути мусоидат ба ҳалли осоиштаи низоъҳо ва барқарорсозии амният ва субот дар минтақаҳои осебпазир амалӣ гарданд.
Таҳия, тасдиқ ва амалисозии барномаҳои таълимӣ доир ба фарҳанги сулҳ дар сатҳи ҷаҳон, ки аз пешниҳоди Пешвои миллат бармеоянд, масъалаи дигари баррасишаванда дар ин маврид аст. Ҷаҳониён бояд ба тарғибу ташвиқи арзишҳои сулҳ тавассути барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ аҳамият диҳанд. Барномаҳои махсуси таълимӣ дар мактабҳо, литсей, коллеҷ ва донишкадаву донишгоҳҳо метавонанд барои ташаккули насли огоҳ ва сулҳдӯст хизмат намоянд, ки арзишҳои сулҳро эҳтиром мекунанд ва онро ҳадафи ҳаёти худ медонанд. Сарчашмаи ин барномаҳои таълимӣ бояд таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллати тоҷик бошад.
Ҳамзамон баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, ки ба мавзуи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ бахшида шудаанд, метавонанд платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бошанд. Баргузор намудани ҳамоишҳо ба ҷалби ҷомеаи байналмилалӣ ба татбиқи ташаббуси навбатии Пешвои миллати тоҷикон мусоидат мекунад.
Гуфтани ҳамин нукта муҳим аст, ки татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад на танҳо ба таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ мусоидат кунад, балки барои наслҳои оянда фазои ором ва устувор фароҳам орад.
Ҳамин тавр, тамоми ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дорои ҳадафҳои мақсаднок барои ҳалли мушкилоти дар пешорӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарордошта буда, тамоми башариятро ба мубориза ба муқобили ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ даъват менамоянд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик
АКС аз бойгонӣ
Манбаъ: khovar.tj