Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона, бар дастаи мунтахаби Непал бо 4 голи беҷавоб пирӯз гардид.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 0 ба нафъи миллиипӯшони тоҷик ба охир расид.
Голҳои дидорро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ду маротиба Шервони Мабатшоев (дар дақиқаҳои 19-уму 45-ум) ва ду маротибаи дигар Алишер Ҷалилов (дар дақиқаҳои 29-уму 50-ум) ба нишон расониданд.
Ба ҳамин тартиб бозии аввали дӯстонаи тими миллии мо, дар рӯзҳои бозиҳои ФИФА бо натиҷаи хуб ба охир расид.
Ҳамакунун санаи 19-уми ноябр шогирдони Гела Шекиладзе, бозигарони тоҷик муқобили ҳамсоякишварамон мунтахаби Афғонистон бозии санҷишӣ доир мекунанд. Ин бози ҳам дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифта, соати 18:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”