Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ бо маром идома дорад. Аз ҷумла аз аввали мавсими дар майдони 73764 гектар шудгор иҷро гардида, дар майдони 44656 гектар кишт гузаронида шуд. Ғалладонагиҳо 34597 гектар, гандум 30461 гектар ва ҷав 4136 гектар мебошад. Инчунин кишти сабзавоти барвақтӣ дар майдони 9402 гектар кишт карда шуд. Аз он пиёзи барвақтӣ 7679 гектар, сабзии барвақтӣ 1241 гектар, карами барвақтӣ 472 гектар ва дигар сабзавотҳои барвақтӣ 667 гектар майдон кишт карда шуд.
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 25.10.2024 дар майдони 306966 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Аз аввали мавсим майдони 304492 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумӣ 938696 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 30,9 сентнерро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ҳоло аз ҷониби кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дорад. Мувофиқи маълумотҳо дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 174979 гектарро ташкил дода, тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба ҳолати 25.10.2024 172768 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Бино ба иттилои вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 37613 гектар картошка кишт карда шудааст, ки то ба ҳол аз ин шумора майдони ҷамъоваришуда 32699 гектар буда, ҳосили умумӣ 778992 тоннаро ташкил медиҳад.