Дар Тоҷикистон нақшаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло таҳия мегардад

Дар шаҳри Душанбе оид ба таҳияи нақшаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло (архар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2034 машварати байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вобаста ба муҳиммият ва ҳифзи гӯсфанди кӯҳии Марко Поло намояндаи Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон бо рӯнамо баромад намуд. Ҳамзамон мутахассисони соҳа оид ба таҳияи нақшаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Мавзеи сукунати гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон Помири Шарқӣ – Мурғоб, қаторкӯҳҳои Музкол, Пшарт, Аличури Ҷанубӣ ва Шимолӣ, Вахон, Сарикӯл, Зулумарт ва Пасиолой буда, инчунин дар давраи кӯчиш онҳо муваққатан ба баъзе ҳудудҳои Шуғнон, Ишкошим, Рӯшон ворид шуда, боз ба Мурғоб бармегарданд.

Гӯсфанди Марко Поло асосан дар баландии 3400 метр аз сатҳи баҳр сукунат намуда, дар фасли тобистон ба баландиҳои 6100 метр мебарояд, зеро бештар ҷойҳои салқин ва наздикии барфро дӯст медорад. Инчунин кишварҳои Афғонистон-Помири хурд ва долони Вахон, кӯҳҳои Тиёншон, Чин ва водиҳои фарохи байникӯҳӣ, нишебиҳои даштӣ, марғзорҳои алпӣ, ки дар баландии беш аз 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, муҳити сукунати гӯсфанди Марко-Поло мебошанд. Кӯчиши мавсимии гӯсфанди Марко Поло вобаста ба фасли сол доир мешавад.

Марко Поло ном гирифтани гӯсфанди помирӣ ё архар /Pamir argali/ ба номи сайёҳ ва тоҷири венетсиягӣ Марко Поло (1254-1324) иртибот дорад. Бори нахуст ин гӯсфандро сайёҳи итолиёӣ Марко Поло сабт намудааст.