Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ширкати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Остона, сафари кории раҳбари давлат ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 сентябр гузориши муфассал дар мавриди иштирок ва суханронии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ва Форуми иқтисодӣ дар шаҳри Остона чоп кардааст.
Инчунин дар ин шумораи рӯзнома хабари мулоқоти сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садри аъзами Олмон Олаф Шолс дар ҳошияи нишасти дуюми сарварони давлатҳои Осиёи Марказиро нашр намуд. Гуфта мешавад, ки сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз ҳиссагузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар Бадахшон, навсозии НБО «Норак» ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони НБО «Роғун» низ идома ёбад.
Дар навбати худ, Олаф Шолс изҳор дошт, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва дигар манбаъҳои “неруи сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 сентябр дар робита ба ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон матлаб нашр шудааст.
Ба иттилои нашрия, дар ҷаласаи зикр шуд, ки дар ноҳияи Ванҷ ба ҳолати якуми сентябр нақшаи захираи ҳезум дар муассисаҳои таълимӣ 58 дарсад ва ноҳияи Ишкошим 54 дарсад иҷро гаштааст.
Инчунин Исрор Исрорзода сардори раёсати иқтисод, савдо ва мониторинги вилоят захираи озуқаро дар муассисаҳои томактабии шаҳри Хоруғ низ ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. Таъкид мешавад, аз гузориши аксари роҳбарони идораву муассисаҳо маълум гардид, ки иҷрои нақшаи захираи ҳезум барои мавсими сармои дарпешистода дар аксари идораву муассисаҳо таъмин нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сардори сарраёсати молияи вилоят Хурсанд Вафобекзода барои пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ, хариди ангишт ва ҳезум, тибқи нақша, дар ҳашт моҳ 14 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, феълан 13 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 17 сентябр матлабе бо номи “Рашт. Шароит барои сайёҳон беҳтар мегардад” чоп карда, аз рушди зерсохтҳои сайёҳӣ дар минтақаи рашт хабар медиҳад.
Ба навиштаи муаллиф, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт се меҳмонхона ва ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуд.
Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди се меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кӯли калони деҳоти Аскалон оғоз гардид.
Дар идома зикр мешавад, ки айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 1 меҳмонхонаи хӯрд, 15 ҳомстей, 3 тарабхона, 20 ошхона, 14 нуқтаи хӯроки тезтайёр маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ ва 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд. Гуфта мешавад, ки соли равон ба ноҳия 2392 сайёҳу меҳмон, аз ҷумла 2247 нафар дохилӣ ва 145 хориҷӣ, ворид гардидаанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 19 сентябр ин мавзӯро матраҳ кардааст, ки оё афзоиши худравҳои барқӣ дар Тоҷикистон сарбориро ба шабакаҳои барқии кишвар зиёд мекунад?
Муаллиф зимни баррасии ин мавзӯъ, менависад, ки тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон то 1 июли соли ҷорӣ ба кишвар беш аз 9100 нақлиёти барқӣ ворид шуд, ки аз миёни 3500 худрав ҳамчун таксӣ фаъолият доранд.
Дар идома муаллиф ҳисоб кардааст, ки агар ҳамаи нақлиёти барқӣ тақрибан 10 ҳазор адад дар шабонарӯз ба ҳисоби миёна 50 киловатт-соат нерӯи барқ масраф кунанд, хароҷоти умумии онҳо дар як шабонарӯз 500 ҳазор киловатт-соатро ташкил медихад. Ин ҳамагӣ 0,8 дарсдаи истеҳсоли ҳаррӯзаи барқ дар кишварро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки иқтидорҳои энергетикии Тоҷикистон зарфият доранд дар як шабонарӯз беш аз 60 млн. кв-соат барқ истеҳсол кунанд. Яъне афзоиши нақлиёти барқӣ ба низоми энергетикии Тоҷикистон сарборӣ эҷод нахоҳад кард.
Нашрияи “Ҷаҳони паём” дар шумораи рӯзи 18 сентябр хабар медиҳад, ки аз 25 то 27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии Тоҷикистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Дар намоишгоҳ иштирокчиён имкон доранд беҳтарин маҳсулот ва хизматрасонии сайёҳиро аз экотуризм то хатсайрҳои фарҳангӣ муаррифӣ намуда, ба маъруфияти Тоҷикистон ҳамчун маркази сайёҳии Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд.
Дар доираи намошгоҳ ҳамоиши байналмилалии сайёҳии Душанбе низ доир карда мешавад. Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”