Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм баъди азнавсозӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд.

Нахуст бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази шаҳраки Ғарм 2320 метри мураббаъ замин ҷудо гардидааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли гузашта, оғоз гардида буд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар шафати бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бунёд гардидааст. Баландии пояи Парчам 45 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 метр ва паҳноияш ба 7 метр баробар аст.

Нишони давлатӣ дар баландии 24 метр қомат афрохтааст. Ин ду муқаддасоти миллӣ дар маркази шаҳраки Ғарм басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасад.

Масоҳати қариб 2 ҳазор метри мураббаъ дар ин ҷо сафолакпуш гардида, барои гаштугузори сокинон шароити мусоид муҳайё мебошад.

Дар атрофи Парчам ва Нишони давлатӣ чароғакҳои зебои равшанидиҳанда насб шудааст.

Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ҳамчунин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомдодаи сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.