Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуъи “Соҳиб Табаров ва масъалаҳои филологияи тоҷик” доир гардида истодааст.
Дар кори он олимону адибон, шоъирону нависандагон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, саҳми Соҳиб Табаровро дар раванди адабиёт, маҳорати суханварӣ ва эҷодкорӣ бисёр назаррас арзёбӣ намуданд.
Дар робита ба ин бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети филологияи Донишгоҳ Муаррифинома (Буклет) дар бораи рӯзгору осори устоди шодравон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич омода ва нашр гардидааст.
Дар Муаррифинома баробари рӯзгору осори устод, инчунин, санаҳои муҳимми ҳаёт ва фаъолияти устод Соҳиб Табаров ва аксҳо таҳти унвони “Тасвирҳо ҳикоят мекунанд” ҷой дода шудааст.
Муаррифинома дар шинохти узви вобастаи АМИТ, профессор, мунаққид, адабиётшинос ва публитсист Соҳиб Табаров мусоидат менамоянд.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои “Тоҷикистон”