Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди истифода қарор доданд

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи хеле зебо ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд шуда, дар арафаи соли нави хониш тӯҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагони ин муассиса номида шуд.

Иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов дар масоҳати умумии 11 ҳазор метри мураббаъ замин бунёд гардида, барои 2600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ин 4-умин муассисаи таълимӣ аст, ки бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов сохта ба истифода дода шуд. Соҳибкор боз уҳдадор гардид, ки як муассисаи нави таълимиро дар пойтахт бо фарогирии 4400 хонанада дар ду баст бунед намояд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби ҶДММ «Дастони моҳир» бо ҷалби зиёда аз 100 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати беш аз 1,5 сол бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.

Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология ва воситаҳои муосир муҷаҳҳаз карда шудаанд.

2 синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъминанд, барои соҳибкасб намудани духтарону писарон саҳми калон мегузоранд.

Дар ин боргоҳи илму маърифат 67 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 82 камераи мушоҳидавӣ, ки дар тамоми синфхонаҳо васлу насб карда шудаанд, пурра назорат карда мешавад.

Мактаб ҳамчунин дорои ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, нуқтаи хизмарасонии тиббӣ, ошхона бо 250 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 440 курсӣ ва толори варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.

Дар ҳудуди ин муассисаи таълимӣ ҳамзамон дар масоҳати 1196 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ бунёд шудааст, ки дорои шароити мусоиди машқу тамрин аст.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, ҳайати омӯзгоронро ба боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҳидоят карданд.

Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин муассисаи таълимии дорои шароиту имконоти муосири таҳсил, аз ҷумла таъминот бо технологияи инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва навоварии насли наврас заминаи воқеӣ мегузорад.

Минбаъд низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмону баистифодадиҳии мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки танҳо дар ин рӯз бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7 ҳазору 400 хонанда дар ду баст ба истифода дода, 400 ҷойи кории нав муҳайё карда шуд.