То имрӯз 65% курортҳои санаторию истироҳатии Тоҷикистон барқарор карда шуданд, ки имкон фароҳам овард, то беш аз 300 минтақаҳои истироҳатии туристии хусусӣ ва 74 санаторияҳо сохта шаванд. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба радиои “Тоҷикистон” иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ ислоҳоти соҳа барои фазои мусоид фароҳам овардани рушди сайёҳии байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ равона гардидааст.
Бозори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳоло 107 ширкати сайёҳӣ намояндагӣ мекунанд. Ҳукумати кишвар ба рушди сайёҳии байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, барои содда кардани низоми раводид пайваста кор мебарад.
Бояд қайд кард, ки имрӯз шаҳрвандони 81 мамлакати ҷаҳон имкони гирифтани раводидро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти расидан ба фурудгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Инчунин, ҳуҷҷатҳои вуруд ба сафоратхонаҳо дар муддати 3 рӯз дода мешаванд.
Саъдӣ Ғоибов
радиои «Тоҷикистон»