Баҳманёр, муаллифи романи «Сармаддеҳ», аз олам даргузашт

 

Баҳманёр Аминӣ, яке аз адибони номвари  муосири  тоҷик шаби гузашта дар сини 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт, дар ин бораИттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар медиҳад  .  

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакент   ба дунё омадааст. Хатмкардаи  шуъбаи  забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд.

Баҳманёр баъди дорнишгоҳ соли 1977 корро дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба китнематография ва  рӯзномаи  «Маданияти Тоҷикистон» шуруъ кардааст. Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт ба ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба кор даромад. Сипас то соли 1992 мудири шӯъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳаш  Панҷакент рафта, он ҷо  сармуҳарририи рӯзномаи «Самандар» ва моҳномаи «Дайри Муғон»-ро бар уҳда дошт.  Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – «Садои Шарқ»  таъин гардид.

Баҳманёр бо сабки хос ва мавзуъҳои тозае вориди адабиёт шуд ва як водии тахайюлии Сармадро бунёд кард, қаҳрамононаш аз ҳикоя ба ҳикоя ва сипас ба романҳо кӯчида, зиндагии худро  идома додаанд.

«Ишқи сайёд» (1984), «Аспи обӣ»(1988), «Дуди ҳастрат» (1994), «Зарринаи Зарнигор» маҷмӯи ҳикояҳо ва қиссаҳои нависанда буда, «Сармаддеҳ» (2002) ва «Шоҳаншоҳ» романҳои Баҳманёр мебошанд.

Соли 1991 мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи «Песнь идущего в петлю» дар тарҷумаи Хуршеда Даврондухт нашр гашт. Соли 1995 маҷаллаи   «Согласие» -и Россия дар шумораи аввали худ нӯҳ ҳикояи ӯро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров ба табъ расонид.

Соли 1997 барои қиссаи «Заринаи Зарнигор» барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд.

Дар бистҷилдае (чопи нашриёти «Адиб») китобҳояш “Шоҳаншоҳ” ва «Сармаддеҳ» дар як муҷаллад интишор ёфт ва ин маҷмӯаро  комиссияи хосаи Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон  ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2013» дониста, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонид.

Соли 2014 ду китобаш, яке бо номи «Сармаддеҳ»(китоби дувум) ва дигаре «Турфаҳо»(тарҷума ва гирдоварӣ) ба чоп расиданд.

Романи «Сармаддеҳ»  соли 2015 бо ҳуруфи форсӣ дар Лондон ба табъ расид.

Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.

Аз соли 1987 Баҳманёр узви Иттиҳодияи нависандагони СССР ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  аст.

Аз Баҳманёр дар баробари китобҳо ва асарҳои  марғубаш чаҳор фарзанди накӯ – ду писару ду духтар – ба ёдгор монданд.

Тавре аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, маросими дафни нависандаи маҳбуби тоҷик Баҳманёр имрӯз дар деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.

Идораи АМИТ «Ховар» ба аҳли оила, наздикон ва ҳамкасбони  марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *