Дар наздикии шаҳри Сан-Паулуи Бразилия ҳавопаймои мусофирбарии Voepass суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо 62 нафар 58 мусофир ва чаҳор халабон қарор доштаанд, ки ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ ҳавопаймо аз Каскавел (штати Парана дар наздикии сарҳади Парагвай ва Аргентина) ба фурудгоҳи Гуарулос парвоз мекард. Тибқи иттилои сомонаи Flightradar24, ҳавопаймо соли 2010 сохта шуда, дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошт.
Бархе аз расонаҳо гузориш медиҳанд, ки эҳтимол аст сабаби суқути ҳавопаймо пайдо шудани ях дар болҳо бошад. Дар робита ба суқути ҳавопаймо дар Бразилия мотами миллӣ эълон карда шудааст.