ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» қарор гирифт

Дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «J» қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Рақибони дастаи мо тимҳои мунтахаби Уммон, Сингапур ва Гуам хоҳанд буд. Бозиҳо дар ин гурӯҳ аз 19 то 27 октябри соли 2025 дар Сингапур баргузор мешаванд.

Бар асоси натиҷаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 10 дастаи ғолиби гурӯҳ ва 5 тими беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.