МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ВА «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР НОҲИЯИ СИНО

Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 таҳти №АП-480 ва №АП-481 доир ба баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Илм-фурӯғи маърифат” дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмун баргузор карда шуд!

Ғолибони  6 номинатсияи Низомномаи озмуни ҷумҳуривии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва  7 номинатсияи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», инчунин омӯзгорони онҳо бо диплому сипоснома ва мукофотпулиҳо ҳавасманд гардонида шуданд!

М. Пардаев