Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Беларус ёддошти тафоҳум ба имзо расид

11 июни соли ҷорӣ дар доираи Конфронси 3-юми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Белорус Сергей Масляк баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисодиёти сабз, идоракунии партовҳо, коҳиш додани истифодабарии ашёҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо оид ба таҷрибаи худ дар самти ҳифзи намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои нодир мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонида шуд.