Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бар тими миллии Покистон пирӯзии калон ба даст овард.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи маркарзии шаҳри Душанбе дар ҳузури 7800 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 0 анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов ба самар расониданд.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ Манучеҳр Сафаров аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари гурӯҳ Урдун дар сафар муқобили Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфт. Ба ҳамин тартиб аз гурӯҳи мазкур Урдун ва Арабистони Саудӣ бо 13 имтиёзи роҳхати марҳилаи сеюмро соҳиб шуданд. Тоҷикистон бо 8 имтиёз ва Покистон бидуни имтиёз мусобиқаи Ҷоми Ҷаҳон -2026-ро ба анҷом расониданд.
Манбаъ: varzishtv.tj