СҶТ: Сокинони бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон аз норасоии об ва хушксолӣ азият мекашанд

Тибқи маълумоти СҶТ (Созмони ҷаҳонии тандурустӣ) қариб ду миллиард нафар дар сайёра аз норасоии оби нушокӣ танқисӣ кашида, ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Ҳамзамон дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ сокинони бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон азият мекашанд. Дар гузориши нави СММ омадааст, ки дар чанд соли охир ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ бинобар хушксолӣ ва баланд гардидани ҳарорати ҳаво коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон, гармии ҳаво боиси сӯхтори азими ҷангалзор гардида, ҳамасола садҳо ҳазор гектар бешазор бо коми оташ рафта, сӯхта нобуд мегардад.