4 июни соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Япония Суҷи Киото мулоқот намуд.
Зимни суҳбат вазъи кунунии равобити дуҷониба дар самтҳои гуногун, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» муҳокима гардиданд.