Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” соли шашум аст, ки дар кишварамон таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар ин муддат озмун тавонистааст, ки доираи зиёди дӯстдорони китобро ба ҳам оварда, завқи китобхонии кӯдакону наврасон ва ҷавононро бедор намояд.
Китоб беҳтарин дастоварди инсоният ба ҳисоб рафта, он дарбаргирандаи таърих, фарҳанг, тамаддун, андеша, маҳсули эҷод ва донишу кӯшиш мебошад. Китоб доираи ҷаҳонбинии шахсро васеъ гардонида, барои пайдо гардидани афкори созанда мусоидат менамояд. Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” имкон дод, ки насли наврас бештар ба китоб ру оварда, пойдевори дониши худро аз навраси мустаҳкам намоянд. Ба андешаи Нуралӣ Нурзод адабиётшинос ва доктори илмҳои филологӣ, роҳандозӣ гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бори дигар собит намуд, ки Сарвари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба такмили дониш ва зеҳни ҷавонони кишварамон таваҷҷуҳи хосса доранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари китобхони Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” барои пайдо гардидани эҷодкорони нав ҳам мусоидат менамояд. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон андешаҳои худро дошта бошанд ва барои ҳимояи манфиатҳои миллиамон мубориза барарнд. Ба таъкиди адабиётшинос Нуралӣ Нурзод, самараи пурбори озмунҳои ҷумҳуривро дар даҳсолаҳои оянда хоҳем дид, зеро инсоҳое ки китоб мехонанд ҳуқуқи хато кардан ва ба роҳи бад рафтанро надоранд.
Бояд қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар баробари донишу малака ба иштирокчиён руҳияи қавӣ бахшида, инчунин эҳсоси мубориза кардан баҳри ғолибият ва бовари бахшидан ба худро мустаҳкам менамояд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”