Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳайати тимро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» ба муқобили яккачинҳои Урдун (6 июн, Уммон) ва Покистон (11 июн, Душанбе) омода мешавад. Дар ин бора бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба дастаи мунтахаб 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе ба далели ҷароҳат доштанаш дар бозиҳои интизор иштирок намекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 май омодагиро ба бозиҳои оянда оғоз менамояд. Дар ин рӯз дастаи мо ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Қатар меравад ва онҷо то 2 июн мемонад. 3 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Давҳа барои анҷоми бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» ба муқобили тими миллии Урдун ба Уммон меравад.
Ин бозӣ 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Уммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Пас аз бозӣ бо Урдун дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад ва 11 июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бар зидди тими миллии Покистон анҷом медиҳад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Урдун (6 июн) ва Покистон (11 июн):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Равшан»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Алишер Шукуров («Динамо-Тбилиси», Гурҷистон), Фатҳулло Олимзода («Атирау», Қазоқистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов (ҳама аз «Истиқлол»), Шарафҷон Солеҳов («Регар-ТадАЗ»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиклол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Гела Шекиладзе (Гурҷистон).