Аз оғози даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 45 рӯз сипарӣ гардид ва мақомоти масъули комиссияҳои вобастаи давлатии даъват дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Ба иттилои Вазорати мудофиа то аз оғози даъвату гусели ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ то санаи 16.05.2024 иҷрои нақшаи пешбинишуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 90 фоизро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, чаҳор ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи ҷалби даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100 фоиз иҷро намуданд.
Дар ин радиф, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88 фоиз баробар буда, тавре қаблан низ хабар дода будем ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Турсунзода аз анҷоми даъвату гусели сарбозони ояндаи Ватан гузориш додаанд.
Дар давоми 45 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ нақшаи иҷрогардида дар вилояти Суғд 67 фоизро ташкил медиҳад ва мақомоти вобастаи комиссияҳои давлатии даъват дар шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстони ин вилоят иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.