16 майи соли 2024 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамзамон ҳамоҳангсози ташаббуси Ҷунбиши глобалӣ дар самти беҳтар намудани ғизо Афшан Хан баргузор шудааст.
Тавре ВКХ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Ҷунбишро мавриди баррасӣ қарор дода, масоили таҳкими ҳамкориро дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карданд.