КҲФ аз фурӯравии замин дар роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг хабар дод

Бино ба маълумоти  бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳоифавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи гузашта, 29-уми апрел тахминан соати 19:09 дақиқа бар асари бориши боронҳои пай дар пай  дар ноҳияи Ховалинг дар километри 60400-и шоҳроҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи самти ноҳияи Восеъ-Ховалинг ҳудуди ноҳияи Ховалинг фурӯравии роҳ бо дарозии 30 метр ва паҳнои 3,5 метр ба қайд гирифта шудааст

Ба иттилои сомонаи расмии умитаи ҳолатҳоифавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ар айни замон роҳ дар мавзеи мазкур муваққатан баста аст. КФҲ гуфтааст, ки масъаларо дертар муфассалтар шарҳ хоҳад дод