Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард

22 апрел Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир лорд Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Дэвид Кэмеронро муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Интизор меравад, ки дар чаҳорчӯби ин сафар Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабирро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ вохӯрӣ анҷом диҳад.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду мамлакат ва масоили минтақавиро баррасӣ менамоянд.