Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ анҷом дода шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад. Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ маълумот дода шуд, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат рушду равнақи соҳа мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ дар самти бунёду барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани имконият ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи басту банд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯйии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Аврупо ворид карда шудааст, ки барои истеҳсоли маҳсулоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдорро барои истифодаи пурраи шароити табиию технологӣ, васеъ кардани имконияти истеҳсолии корхона ва зиёд намудани шумораи кормандон вазифадор карданд.

Баъд аз ҷамъоварӣ, пилла дар корхона хушк карда шуда, дар хати технологии абрешим ба навъҳо ҷудо ва ба ришта табдил дода мешавад.

Иқтидори солонаи истеҳсоли абрешими наддофӣ зиёда аз 40 тонна ва истеҳсоли риштаи абрешим зиёда аз 60 тоннаро ташкил медиҳад. Абрешими омодашуда дар коргоҳи бофандагӣ ба матоъ табдил дода мешавад.

Иҷрои намунавии супоришҳои Роҳбари давлат дар доираи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат имкон фароҳам овард, ки тавассути бунёду барқарорсозии иншооти саноатӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд ва сокинони млакат ҳарчи бештар дар соҳаи саноат ба кори доимӣ фаро гирифта шаванд.

Дастгоҳи чопӣ, ки технологияи он аз Италия ворид карда шудааст, дар ҷумҳурӣ аввалин мебошад ва тавассути ворид кардани нақш барои истеҳсоли маҳсулоти зебою дилкаш нигаронида шудааст. Технологияи нав имкон медиҳад, ки мувофиқ ба дархости мизоҷон нақш ба хотираи компютер ворид карда шавад ва тибқи фармоиш матоъ нақшбандӣ карда шавад.

Дар коргоҳи атласу адрас бо истифода аз 26 дастгоҳи бофандагӣ аз риштаи абрешим ва пахта ҳунармандон намудҳои гуногуни атласу адрасро омода мекунанд. Дар баробари истифода аз технологияи замонавӣ истеҳсоли атласу адрас бо мақсади идомаи анъанаи неки ниёгон дар самти истеҳсоли ин намуди матоъ, таъмини гуногунии истеҳсолот ва пешниҳоди маҳсулоти босифат ба таври дастӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта шуда, нозукиҳои ҳунарро аз худ мекунанд ва сипас дар ҳамин ҷой ба кор таъмин мешаванд.

Инчунин дар асоси таҷриба қолинбофии дастӣ низ бо истифода аз абрешим ба роҳ монда шудааст. Абрешими дарознахи аълосифат барои истеҳсоли матоъ ва боқимондаи он баҳри бофтани қолинҳои зебою ҷавобгӯ ба талаботи бозор истифода мешавад.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат матоъҳои атлас, адрас, гирбишин, сатин, беқасаб ва дигар намуди матоъҳои дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки минбаъд бонувон метавонанд ин намуди маҳсулоти босифати истеҳсоли ватаниро дастрас ва бо ифтихор аз тамаддуни гузаштаи омӯзандаи миллат ба бар намоянд.

Ҳамчун мероси ғайримоддии башарият пазируфта шудани “Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ” собитгари таъриху тамаддуни омӯзанда ва дастовардҳои шоиста доштани миллати тоҷик дар истеҳсоли ин намуди маҳсулот мебошад.

Имрӯз ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, рушди ҳунармандӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинони мамлакат равона карда шудааст.

Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулча, чапотӣ ва таҳмол баргузор гардид. Таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба ҳунармандон ва эҳсоси баланди худшиносии мардум ба эҳё ва равнақи ҳунармандӣ дар Тоҷикистон мусоидат кардааст.

Маҳз натиҷаи ҳамин аст, ки сайёҳон метавонанд намудҳои гуногуни армуғонро харидорӣ намоянд, ки ин дар баробари беҳшавии имкониятҳои иқтисодии ҳунармандон, ҳамзамон ба муаррифии таъриху маънавиёти омӯзандаи миллат мусоидат менамояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи фаъолияти ҳунармандону соҳибкорон дар самти афзоиши истеҳсоли атласу адрас, офаридани намудҳои гуногуни армуғон ва рушди ҳунармандӣ баҳои баланд дода, истифодаи ҳарчи бештари имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷмҳурӣ ва афзун кардани дастовардҳоро зарур донистанд.

Ҳамчунин, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноати сабуки шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд. Иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имкон фароҳам овард, ки бо бунёду барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ имкониятҳо барои рушди дучанди соҳа таъмин гардад.

Ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои рушди кирмакпарварӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» барои васеъ кардани майдон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ давоми 2 соли охир 2 миллион дона ниҳоли тут шинонида шудааст. Оянда ҳар сол ба миқдори 1 миллион дона ниҳоли тут шинонида мешавад.

Инчунин дар паҳлуи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар масоҳати 30 гектар замин парваришгоҳи замонавӣ барои ниҳолҳои интенсивии мевадиҳанда бунёд карда шудааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо нақшаи бунёди боғ, имкониятҳои технологӣ, таҷрибаи муосири боғдорӣ ва намунаи мевагиҳои дар оянда истеҳсолшаванда шинос шуданд.

Ин ниҳоли дарахтон аз Аврупо ворид гардида, баъди мутобиқгардонӣ ба шароити иқлимии Тоҷикистон барои бунёди боғҳои интенсивии замонавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи боғпарвариро ба таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ бо назардошти дигаргуншавии иқлим ва афзоиши истеҳсоли меваи босифати ба содирот нигаронидашуда ҷалб намуданд.

Ниҳоли модарии себ, нок ва олу ба миқдори 300 ҳазор аз Италия ворид гардидааст. Парвариши ниҳоли мазкур мутобиқ ба талаботи технологӣ сурат гирифта, соли оянда аз инҳо ба миқдори 1 миллиону 800 ҳазор ва дар солҳои баъди то 2 миллион дона қаламча гирифта мешавад.

Дар як гектар боғи интенсивӣ 3600 ниҳол шинонида мешавад ва обёрии он бо ду усул, қатрагӣ ва боронвор ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин ба ҳамин восита ниҳолон бо пошидани маҳлулҳои махсус аз сардӣ ва ҳашарот ҳимоя карда мешавад.

Ҳосили мевагӣ аз ин боғҳо дар як мавсим то ба 65 тонна мерасад. Парвариш дар асоси таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои бонуфуз ба роҳ монда шудааст ва дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони истеҳсолот дар Тоҷикистон табодули таҷриба карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дастур доданд, ки бунёди боғҳои интенсивиро бо назардошти ба инобат гирифтани шароит ба роҳ монанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки дар парваришгоҳи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Пилаи тоҷик» барои гузаронидани таҷрибаҳои амалии донишҷӯёну олимон, аз худ кардани нозукиҳо ва ҳарчӣ бештар таҷрибаи пешқадами муосири боғдориро бо дарназардошти шароити кунунии иқлим васеъ ба роҳ мондан шароит фароҳам оварда шавад.

Дар ҳамин майдони васеъ парвариши тут ва пистаи маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад.

Умуман давоми 4 соли охир аз ҷониби ҷамъият дар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат 4 миллион навниҳоли писатаи маҳаллӣ шинонида шудааст. Ҳоло 1 миллиону 200 дона ниҳоли пистаи маҳаллӣ омода карда шудааст ва он шинонида мешавад.

Дар маҷмуъ иҷрои супоришҳои Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ва ба фаъолият оғоз кардани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик дар Рӯзи пойтахт ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ, рушди соҳаи саноат, эҳёи анъанаи неки абрешимбофии ниёгон ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мусоидат менамояд.