18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.
Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ — толори Кохи Борбад бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду давлати ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.
Баргузории барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон бо номи «Дӯстии ҷовидон» намунаи олии ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду давлат мебошад.
Консерти ҷаззоби «Дӯстии ҷовидон» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду давлат, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад, хушу хотирмон баргузор шуд.