Конференсияи байналмилалӣ доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои илмӣ байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Узбекистон

Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмиллалии илмии “Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон” баргузор гардид, ки дар кори он олимону донишмандон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат намуданд.

Ҳамоишро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтов ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки имрӯз ҳамкориҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, ки инро метавон дар дастовардҳои беназири ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар дар рушди илм ва таҳқиқотҳои илмӣ дар самтҳои мухталиф арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки имрӯз асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои илмӣ миёни олимони Тоҷикистон ва Узбекистон таҳия шудааст, ки ин метавонад барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ таккон ва заминаи мусоид фароҳам оварад.

Инчунин дар рафти конфронс олимону донишмандон бо ёдоварӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои илмӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон тайи даҳсолаи охир изҳори назар намуданд. Дар ин хусус ҳамкорамон О. Шарипова аз ҷараёни ин ҳамоиши сатҳи баланд иттилоъ дод.