Лигаи чемпионҳо 2023-2024. Кадом дастаҳо ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд?

Дар даври ¼ – ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бошгоҳи Реал мадрид бо дастаи Манчестр сити вориди рақобат гардид. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои 11 – метра футболбозони Реал мадрид тавонистанд, ки пирузӣ ба даст оваранд. Рӯзи 7-уми май Реал мадрид дар даври ниманиҳоӣ бо дастаи Бавария рақобат мекунанд. Бошгоҳи Бавария низ дар рақобат бо дастаи Арсенал пируз гардид. Голи ягонаи ин бозиро Йозуа Кимиз дар дақиқаи 63 – ум ба самар расонид.

Дар даври ¼ – ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаи “ПСЖ”-и Фаронса дастаи «Барселона» -и Испанияро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб кард. Дар дақиқаи 12-ум ҳисобро дар бозӣ бо “ПСЖ” вингери “Барселона” Рафинйа боз кард. Дар дақиқаи 29-ум ҳимоятгари “Барселона” Роналд Араухо муқобили Баркол қоидаи бозиро вайрон кард ва корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 40-ум вингери “ПСЖ” Усмон Дембеле ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 54-ум нимҳимоятгари парижиҳо Витиня дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 61-ум ҳамлагари «ПСЖ» Килиан Мбаппе бартарии дастаашро мустаҳкам карда, ҷаримаи 11-умро ба самар расонд. Дар дақиқаи 89-ум Мбаппе дублро ба самар расонд. Дар даври 1/2 финали Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2023/2024 “ПСЖ” бо “Боруссия”-и Дортмунд бозӣ мекунад. Бозии аввал 30-юми апрел барпо мегардад.

Бозии ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои «Боруссия»-и Дортмунд ва «Атлетико Мадрид» ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк”-и шаҳри Дортмунд баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Дар маҷмӯъ ҳисоби бозӣ дар бозии рафту баргашт 5:4 ба фоидаи тими шаҳри Дортмунд анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, «Боруссия »-и Дортмунд бори аввал дар 11 соли охир дар даври 1/2 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад. Бори охир тими Олмон дар мавсими 2012/2013 дар даври ниманиҳоии ин мусобиқот бозӣ карда буд. Дар он мусобиқа «Боруссия»-ро Юрген Клопп сарварӣ мекард. Рақиб «Реал Мадрид» буд, ки «Боруссия» дар бозии аввал бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, дар бозии ҷавобӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда, лек аз ҳисоби бозии рафту баргашт ба финал баромад. Дар финал шогирдони Клопп аз «Бавария» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд. Дар даври 1/2 финали Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2023/2024 “Боруссия” бо “ПСЖ” бозӣ мекунад. Бозии аввал 30-юми апрел барпо мегардад.