Тавре ба мову шумо маълум аст, сар аз моҳҳои апрели соли ҷорӣ дар кишвари мо ҳолати карантини нарм ҷорӣ карда шуд. Моҳияти карантини нарм аз он иборат аст, ки бо дарназардошти иқтидори иқтисодии Тоҷикистон, ки дар ҳолати на чандон баланд қарор дорад, тамоми сохторҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ фаъолияти худро ба таври муназзам ба роҳ мемонанд. Иқтисодшиносони маъруф ҷорӣ намудани карантини шадид дар кишвари моро ногузир донистанд.
Азбаски дар кишварҳои хориҷ, махсусан дар Федератсияи Русия чунин шеваи карантин ҷорӣ карда шуд, моро зарурат пеш омад, ки ба соҳаи кишоварзӣ диққати бештар диҳем, то баҳри таъмини озуқаворӣ ба мушкилоти зиёд дучор нагардем. Ҳукумати кишвар ҳам барои бештар истеҳсол намудани маводи озуқа ба соҳаи мазкур ва кишоварзони мамлакат эътибори ҷиддӣ дод.
Сарфи назар аз он ки ҳоло нарх дар бозорҳои кишвар муътадил арзёбӣ мегардад, эҳтимоли болоравии он дар фасли сармо вуҷуд дорад. Бо кам гардидани захоири маҳсулоти хўрокворӣ, аз қабили картошкаву пиёз ва дигар анвои хўроквории барои мардум зарур кишоварзон ва тоҷирони бозорҳо метавонанд нархро баланд бардоранд.
Бо дар назардошти иқтидори молии сокинони кишвар, ки аз сабаби пандемияи Ковид-19 дар ҳоли пастравӣ қарор дорад, шояд пешорўи мардум мушкилот ба вуҷуд ояд. Ҳоло нархи феълӣ, ки дар бозорҳо мавҷуд аст, муътадил арзёбӣ мегардад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки аз арзиши феълии маводи озуқа мардум розӣ буда, аз ҳаросе, ки қаблан бо зуҳури пандемияи Ковид-19 ба дили мардум роҳ ёфта буд, асаре боқӣ намондааст.
Дар воқеъ, мардум чашмдори он буданд, ки бо ҷорӣ гардидани карантин дар кишвар шояд буҳрони гароншавии нарх дар бозорҳо ба вуҷуд ояд. Ин овозаҳо бидуни шакк бо мусоидати бархе тоҷирони беинсоф паҳн карда шуд ва онҳо бо ин роҳ тавонистанд маводи куҳнаи дар захира доштаашонро ба фурўш гузоранд. Ин фиреби тоҷиронро мардум замоне дарк карданд, ки маҳсулоти бесифати харида аллакай барояшон мушаххас гардид. Дар замони ҳамин гуна овозаҳои бардурўѓ бархе савдогарони ноинсоф нархи маҳсулоти озуқаро ба таври сунъӣ баланд ҳам бардоштанд, аммо сари вақт мақомотҳои дахлдор пеши роҳи онҳоро гирифта тавонистанд, ки албатта қобили таҳсин аст.
Аммо, хонандаи азиз, ҳоло сухан сари ин меравад, ки фасли сармои дар пешистода нарх дар бозорҳо таѓйир ва боло хоҳад рафт ё на!? Агар бозорҳои кишвар захираҳои кофии маҳсулоти хўрока дошта бошанд ва аз ҳоло сари ин масъала андеша намоянд, шояд чандон болоравии нарх дар фасли зимистону баҳори дар пешистода ба назар нарасад. Мусаллам аст, ки масъулони бозор дар баробари ба роҳ мондани фаъолиятҳои тиҷоратӣ бояд арзиши ҳар гуна маҳсулотро дар ҳоли муътадил нигоҳ бидоранд ва аз гароншавии нархҳо пешгирӣ намоянд. Зеро ба василаи боло бурдани нарх мардум ба нуқтаҳои дигари фурўши маҳсулот рў меоранд ва шумораи харидорон метавонад ба маротиб коҳиш ёбад. Ин тоҷирон ҳатман сари масъалаи рақобати солим андеша менамоянд ва бо ин роҳ арзиши маҳсулот агар коҳиш наёбад ҳам, боло нахоҳад рафт. Аммо суоли мантиқӣ ин аст, ки оё захираҳое, ки кишоварзони мамлакат айни ҳол доранд, метавонад бозори дохилиро то ба фурўш гузоштани маҳсулоти нав ѓанӣ нигаҳ бидорад? Ба назари мо ҳоло деҳқонони мамлакат, яъне соҳиби аслии заминҳо чандон захираи кофӣ надоранд. Сабаб дар он аст, ки масъалаи обёрӣ намудани заминҳо солҳост, ки пешорўйи деҳқонон мушкилӣ пеш овардааст. Айни замон, бисёре аз кишоварзон ба хотири ба роҳ мондани фаъолиятҳои кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои обӣ интихоб карда, андоз месупоранд, вале дар замоне, ки зарурати обёрӣ намудан пеш меояд, роҳбарони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба таъмини саривақтии он имкон намеёбанд. Дар бисёре аз минтақаҳо зироати киштаи деҳқонон аз сабаби беобӣ талаф меёбад ё деҳқонон ҳосили кам ба даст меоранд. Замоне, ки деҳқон бо сабабҳои сунъӣ наметавонад ҳосили дилхоҳ ба даст орад, дар пеши худ мақсад мегузорад, ки ба хотири эҳтиёт самараи нокофии маводи озуқаро барои истеъмоли хонавода нигаҳ бидорад. Дар ин ҳолат мақсади дар бозорҳо ба фурўш гузоштан аз байн меравад. Агар ҳам ба фурўш гузоранд, ҳатман хароҷоти дар рафти фаъолиятҳои кишоварзӣ кардаашонро ба ҳисоб мегиранд, ки ин ба нархи маҳсулот таъсири манфӣ мегузорад. Мутассифона, сардори хоҷагиҳо ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар масъалаи таъмини оби кишоварзон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Омили асосии камчинии маҳсулот дар фасли сармо маҳз ҳамин аст, ки мову шумо наметавонем бо нархи имрўза маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас намоем.
Хотиррасон менамоем, ки чанде пеш зимни як сафар дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон қарор доштем. Баробари вуруд ба ин ноҳия дилхоҳ меҳмон шоҳиди заминҳои бепаҳнои бекорхобида мегардад. Агар дар ҳар як қитъаи замини он корҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шавад, танҳо худи ҳамин як ноҳия гуфтан мумкин аст, ки тамоми сокинонро тўли як сол бо анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамояд, вале мутаассифона корҳои обёрии заминҳо дар ин ноҳия ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Зимни як суҳбат, ки бо масъулон доштем, аз мушкили хизмати обрасонӣ ба кишоварзон суол кардем. Ба маълумоти онҳо бештари деҳқонон андози заминро бо дар назардошти обӣ будани он пардохт менамоянд, аммо боре ҳам имкони об додан ба заминҳоро пайдо намекунанд. Заминҳо аслан лалмӣ буда, азбаски дар ҳуҷҷат обӣ гузаштаанд, андозро зиёд месупоранд. Самараи киштаашон танҳо ба хонаводаашон кифоят мекунаду халос.
Ба гуфтаи Сафарзода Ҷумъахон, сардори шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳудуди минтақаи ҳафтсаду чил гектарае, ки мо дидан кардем, қаблан пойгоҳи обкашӣ вуҷуд дошт, аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қубурҳои он канда ва дар корҳои фардӣ истифода бурда шуд. Ба гуфтаи ин масъули соҳаи кишоварзии ноҳия лоиҳаи пойгоҳи нави обкашонӣ тартиб ва ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пешниҳод гардидааст. Ба назари Сафарзода Ҷумъахон, агар ин пойгоҳ сохта шавад, бештар аз 740 гектар замини лалмӣ бо об таъмин гардида, корҳои кишоварзӣ низ дар ноҳия ҷоннок хоҳад шуд.
Бояд гуфт, минтақаҳое, ки бо ташкил намудани пойгоҳҳои обкашӣ метавон аз он ҳосили хуб ба даст овард, дар кишвари мо кам нестанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рўдакӣ, водии Ҳисор ва ѓайра чунин минтақаҳо зиёданд, ки бо таъмин намудани об мо метавонем ба кишвари пешсафи содиркунандаи маҳсулоти озуқа дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбем. Обёрӣ намудани садҳо гектор замини ноҳияи Данѓара нишон дод, ки аз дигар лоиҳаҳо дида, амалӣ намудани чунин лоиҳаҳо ба нафъи иқтисодиёти мамлакат аст.
Дар воқеъ, сохта ба истифода додани чунин пойгоҳҳои бузурги обкашӣ харҷи ҳангуфт талаб менамояд, зеро аксари заминҳои дар назардоштаи мо дар минтақаҳои кўҳӣ воқеъ аст, аммо бо боварӣ метавон изҳор дошт, ки дар дарозмуддат насби чунин пойгоҳҳо иқтисодиёти кишвари моро амсоли неругоҳҳои обӣ ба таври тасаввурнопазир рушд хоҳад дод.
Дилшоди Муҳаммад
радиои Тоҷикистон