Чанд соли охир аз санаи 2 то 9 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар баргузор мегардад. Мақсад аз гузаронидани ин фестивал бедор кардани насли наврас ва китобдӯстдор гардидани наврасон аст.
Дар инкишофи дунёи маънавии кӯдакон китоб муқаддастарин восита ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин хотир, чанд соли охир бо кумаку дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон маҳз барои чопи китобҳои кӯдакона маблағи муайян ҷудо карда мешавад.
Инчунин Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон василаи хубест барои хотирнишон намудани нақши муҳими китоб дар ҳаёти кӯдакон. Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон ҳамасола аз 2 апрел таҷлил мешавад ва он аз соли 1967 маншаъ мегирад. Шӯрои байналмилалии китобҳои кӯдакон ин рӯзро ихтисос дода ва ғояи он аз ҷониби нависандаи олмонӣ Йелла Лепман ба вуҷуд омадааст, ки замоне гуфта буд: “Ба фарзандони мо китоб диҳед ва шумо ба онҳо бол хоҳед дод”.
Бояд гуфт,ки ин санаи муҳим тасодуфан интихоб нашудааст. Он ба зодрӯзи нависанда Ҳанс Киристиан Андерсен рост меояд, ки барои ҳама давру замонҳо бисёр афсонаҳои зебо менависонд. Ӯ «Мурғобии зишт», “Маликаи барфӣ» ва даҳҳо асарҳои ҷолибе эҷод кардааст.
Бо дарназардошти марҳалаҳои таърихии таҳаввулоти адабиёти бачагонаи тоҷик, адибони бачагонаро зарур аст, ки асарҳои содаву забонашон фаҳмо ва шавќовар офаранд, то ин самти ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар боз ҳам рушд ёбад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки “ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи тарбияи ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад”.
Таваҷҷуҳи хоси раҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши муҳим мебозад. Гузаронидани чунин Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби наврасону кӯдакон» низ аз ин гуфтаҳо маншаъ мегирад.
Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ки ҳамасола аз санаи 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ба ҳамин мақсад, яъне тарғиби адабиёти тозанашр, кашфи падидаҳои нави фарҳангӣ, робитаи шоирону нависандагон ва олимон бо насли наврас ва ҷалби ҳарчи бештар кӯдакону наврасон ба китобу китобхона, нигаронида шудааст.
Матлуба Холова,
радиои “Тоҷикистон”