Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Кувайт

26 марти соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Мусоид Муҳаммад аз-Зомил баргузор шудааст.

Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳангу адаб, баргузории чорабиниҳои муштарак ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро мавриди баррасӣ қарор доданд.