Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ корманд меҷӯяд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

1. Муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Раёсати котибот – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, филологӣ, омузгорӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои гуманитарӣ, иқтисодии ба мансаб мувофиқ;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 2711 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2. Сармутахассиси Шуъбаи идоракунии корҳо – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии молиявӣ ё иқтисодӣ;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1660 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3. Сармутахассиси Раёсати робитаҳои байналмилалӣ – 2 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, рўзноманигори байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ, дипломат, тарҷумон ё шарқшиносӣ;

4. Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1660 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоии Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ);

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1352 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

6. Мутахассиси пешбари Раёсати робитаҳои байналмилалӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди байналмилалӣ, рўзноманигори байналмилалӣ, минтақашиносии хориҷӣ, дипломат, тарҷумон ё шарқшиносӣ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ);

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1352 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

7. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ ва иҷрои буҷети Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии молиявӣ ё иқтисодӣ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1352 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

8. Мутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1112 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

9. Мутахассиси Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ё дигар ихтисосҳои соҳаи гуманитарӣ;

10. Мутахассиси шуъбаи кор бо диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзии Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ё дигар ихтисосҳои соҳаи гуманитарӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1112 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

11. Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати Раёсати котибот – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, филологӣ, омузгорӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои гуманитарӣ, иқтисодии ба мансаб мувофиқ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1112 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

12. Мутахассиси Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ – 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии муҳосибӣ ё иқтисодии ба мансаб мувофиқ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– барои донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) ва собиқаи кор дар соҳа афзалият дода мешавад.

Маоши мансабӣ 1112 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

13. Мутахассиси пешбари Шуъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, дипломатӣ, иқтисоди байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаб мувофиқ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

– донистани забони русӣ ҳатмӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ);

– ба собиқа ва таҷрибаи корӣ дар соҳа афзалият дода мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ мувофиқи басти вазифаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират.

14. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират – 1 ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

– таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

– донистани забони русӣ ҳатмӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ);

– ба собиқа ва таҷрибаи корӣ дар соҳа афзалият дода мешавад;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ мувофиқи басти вазифаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

– ариза ба номи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, шаҳодатномаи ҳарбӣ, РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), рақами РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ), маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ), маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, эъломия дар бораи вазъи молу мулкӣ ва маълумотнома (объективка).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 уми апрели соли 2024 қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Алишер Навоӣ 5/2,

индекс: 7340262, (992 37) 250-32-34.