Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 84 фоиз афзоиш ёфт

Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 84 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Сонӣ бин Аҳмад Ал Зиёдӣ дар шаҳри Абузабӣ иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат.

Зимни мулоқот Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии дуҷонибаро густариш диҳанд

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории дуҷонибаро муҳокима намуданд.

Завқӣ Завқизода ҳамтояшро даъват намуд, ки барои ҷалби сармояи Амороти Муттаҳидаи Араб ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус сохтмону навсозии неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатии муштарак, истихроҷи маъданҳо ва сохтмони инфрасохтори логистикию сайёҳӣ мусоидат намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагиашонро ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баён карданд.