ҚАДАМ БА ҚАДАМ ДАР ДИФОИ ВАТАН

23-юми феврали соли 2024 аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 31 сол пур мешавад.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, сарфи назар аз он, ки  кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ, ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале, барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт ва Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр бунёд карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафтааз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршарафҳимояи соҳибихтиёрӣтаъмини сулҳу суботҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерӯйи ҳарбие будки ба ҳифзи Истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд”.

Ин порчаест, аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар яке аз ҷашнҳо ба муносибати таҷлили Артиши миллӣ.

Ҳамин тариқ, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи қувваҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт.

23-юми феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахти кишвар нахустин Паради ҳарбӣ бо иштироки ҷузъу томи гарнизони Душанбе баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Дар он солҳо новобаста аз вазъияти ниҳоят душвор ва бисёр ҳассос барои Тоҷикистони тозаистиқлол, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳдошти шароити хизмативу майишӣ, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамуданд.

Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила се давраи асосиро пушти сар намудааст.

 Даври аввал, ки аллакай сипарӣ гардид, ин ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар муассисаву идораҳои Қувваҳои Мусаллаҳ буд, ки он бомуваффақият анҷом ёфт.

Даври дуюм, марҳилаҳои рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодагии доимии ҷангӣ ва татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идорӣ ва ҳайати шахсӣ аст, ки он ҳанӯз идома дорад.

Даври асосӣ-ин бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму тақвият бахшидани иқтидори ҷангии онро дар бар мегирад. Илова бар ин, бо дарназардошти пешрафти ҷомеаи муосир ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз ҳам ҷараён дорад.

Айни ҳол, дар ҳайати Артиши миллии мамлакат се навъи қӯшун, яъне  Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд:

ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОӢ

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, аз нахустин нерӯйи мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор рафта, он соли 1993 таъсис ёфтааст ва ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994 таъсис ёфта, то муттаҳид гардонидан бо Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ дар ҳайати Артиши миллӣ мустақилона фаъолият менамуд.

Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ якҷо шуда, ба як навъи қӯшун табдил дода шудаанд.

ҚӮШУНҲОИ ХУШКИГАРД

Раёсати Қӯшунҳои хушкигард моҳи июни соли 1997 ташкил ёфта, он ҳамчун масъулияти идора намудани дивизияҳо, полку бригадаҳо ва ротаву баталионҳои алоҳидаи низомии ин навъи қӯшунро бар ӯҳда дорад. Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард асосан соли 1993 таъсис ёфта, дар тобеияти сардорони гарнизонҳои ҳарбӣ амал менамуданд.

Ба тадриҷ, тамоми нерӯҳои алоқаманд ба фаъолияти ин навъи қӯшун аз ҷумла, ҳайати шахсии ҷузъу томи пиёданизом, савораи тирандоз, баталиону полкҳо ва бригадаҳои танкиву артиллерӣ ба ҳайати раёсати Қӯшунҳои хушкигард шомил карда шуданд. Қӯшунҳои хушкигард аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

ҚӮШУНҲОИ ЗУДАМАЛ

Қӯшунҳои зудамал, аз ҷавонтарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар маҳсуб ёфта, он моҳи сентябри соли 2003 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Ин навъи қӯшун дар доираи ислоҳоту азнавсозӣ дар Артиши миллӣ, бе зиёд намудани шумораи умумии Қувваҳои Мусаллаҳ ва аз ҳисоби Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ, Баталиони сулҳҷӯёна, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои низомии таъйиноти махсус ва як қатор ҷузъу томи фаврӣ, бунёд гардидааст.

Аксари қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамал, ба хусус Бригадаи ҳамлаовари десантӣ-зарбавӣ, аз ҷумлаи нерӯҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб ёфта, ҳайати шахсии он аз рӯйи барномаи тақвиятдодашудаи омодагии ҷангӣ ба таълиму тарбия ва машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.

ҚИСМУ ВОҲИДҲОИ АЛОҲИДАИ НИЗОМӢ

Ба ғайр аз се навъи қӯшуни Артиши миллӣ, инчунин дар тобеияти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ низ фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии мамлакат ташкил ёфта, вобаста ба хусусияти таъсис ва ҳадафу вазифаҳои таъйиноташон ӯҳдадориҳои махсусан муҳими ҷангиро иҷро мекунанд.

САТҲИ ОМОДАГИИ ҶАНГӢ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва баҳри боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд.

Дар доираи нақшаи мудофиаи  ва нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамасола дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва дар ҳамоҳангӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё худ қувваҳои эҳтиётӣ ва сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, пайваста ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими низомӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки ин ҳама албатта, дар самти тақвият бахшидани омодабошии ҷангии Артиши миллӣ ва баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ мусоидат намудааст.

Илова бар ин, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ, ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша, пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ доир намуда, дар размоишҳои муштараки минтақавию байналмилалӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.

ПУРРАГАРДОНИИ САФИ АРТИШ БО АФСАРОНИ КАСБӢ

Имрӯз сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик ва ба мо дӯсту ҳампаймон, бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешаванд. Аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола онро аз рӯйи 18 ихтисос курсантон хатм менамоянд, то ин дам зиёда аз 4 ҳазор нафар афсарони касбӣ ба ҳайати ҷузъу томи Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.

Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имконият фароҳам овард, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар сохторҳои қудратӣ, бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд.

ҲАМКОРИҲОИ ҲАРБӢ-БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо кишварҳои дуру наздики хориҷ муносибатҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар ҳамкориҳои муттақобилан судмандро таҳкиму густариш додааст. Дар ин замина, бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар давоми ин солҳо ривоҷу равнақ ёфт.  Айни замон, Вазорати мудофиаи мамлакат бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар самту соҳаҳои гуногун ба роҳ мондааст.

Ҳамкориву ҳамоҳангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ба мо дӯсту ҳампаймон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ сол аз сол густариш меёбад.

 РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Бешак дар ҳар давру замон сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ, маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбия ва ба сайқал додани донишҳои сиёсиву низомии афсарону сарбозон вобастагии зиёд дорад.

Бо мақсади татбиқи амалии раванди корҳои тарбиявӣ дар Артиши миллӣ 20-уми феврали соли 2015 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа таъмин менамояд.

Илова бар ин, барои такмили донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангиву мадании хизматчиёни ҳарбӣ як қатор дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу дигар маҷмӯаҳои илмӣ-методӣ низ ба табъ расонида шудаанд. Дар ин замина, масъулини самти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар доираи нақша ва тибқи талаботи реҷаи рӯз дар қисмҳои низомӣ ва дар соатҳои муқарраргардида, ҳайати шахсиро пайваста ба чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, маишиву фароғатӣ, тамошои барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ, мутолиаи китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо ҷалб менамоянд. Барои амалӣ намудани чунин корҳои маданӣ дар тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиаи мамлакат, хонаҳои хизмативу маишӣ, мавзеъҳои хуби истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё гаштааст.

Вазорати мудофиаи кишвар инчунин ҳамкориҳои судмандро бо тамоми вазорату кумитаҳо, сохтору мақомоти давлативу қудратӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони башардӯст, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина, корҳои зиёду назаррасеро амалӣ менамоянд. Дар ин радиф, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа дар қисму воҳидҳои низомӣ, сӯҳбату вохӯрии сарбозон бо волидон, намояндагони вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, шоирону адибони маъруфи кишвар, хонандагони муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва бо иштироки ҷавонони то синни даъватӣ, пайваста маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.

ТАЪМИНОТИ ШАРОИТИ ХИЗМАТИВУ МАИШИИ НИЗОМИЁН

  Пӯшида нест, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва зимни таъсису бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо ва дигар ҷузъу томи Артиши миллӣ дар пойгоҳҳои корхонаву идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таъйиноташон гуногун ташкил гардида буданд.

Дар давоми 31 соли рушду нумӯи Артиши миллӣ, маҳз бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гарнизонҳои Суғду Хатлон, Хоруғ, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ садҳо биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбиву автомобилӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланду хароҷоти камтарин ва бо меъёри ҳарбиву талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бояд тазакур дод, ки танҳо дар давоми се соли охир наздик ба 500 бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта бунёду азнавсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Ташкили машқгоҳу марказҳои таълимӣ дар ҳудуди гарнизонҳо ва фароҳам овардани тамоми шароити ҳозиразамони ҳарбӣ дар онҳо, имконият медиҳад, ки на танҳо ҷузъу томи тобеи Вазорати мудофиа, балки дигар сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар низ аз он самаранок истифода баранд. Дар баробари дигар чорабиниҳои нақшавӣ, санҷиши техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳарбиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

ВАЗЪИ ИҶТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ зоҳир карда мешавад. Ин аст, ки дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ба тасвиб расидааст. Тибқи талаботи қонуни зикргардида ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ як қатор имтиёз пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла,  пешниҳоди 50%-и маблағ барои истифодабарии об, хизматрасонии коммуналӣ, пардохти иҷорапулӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, ба осоишгоҳҳо равон намудани онҳо, ҷалби фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ ба фароғатгоҳҳои кӯдакона, ташкили ярмаркаи молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ба табобат ва таъмини дорувории ройгон фаро гирифтани хизматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо, таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо молу амволи шайъӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтани биноҳои истиқоматӣ, ҳамзамон тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ба таври ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Дар партави таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон дар Қувваҳои Мусаллаҳ корҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Илова бар ин, бо супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида дар иду ҷашнҳои соҳавӣ ва байналмилалӣ доимо мавриди кӯмаку дастгирӣ қарор мегиранд.

Дар баробари имтиёзҳои дар боло зикргардида, ҳамзамон баланд бардоштани маоши хизматчиёни ҳарбӣ яке аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат аст, ки ҳамасола амалӣ карда мешавад. Дар робита ба ин, зимни ироаи Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се соли охир музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ба миқдорӣ 90 фоиз зиёд карда шудаст.

РУШДИ ВАРЗИШ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ, аз соли 2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии артиш амал мекунад. Қобили зикр аст, ки варзишгарони ин клуб, дар давоми ин солҳо дар мусобиқаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ баланд бардоштаанд.

Барои обу тоби бадан ва рушду нумӯи варзиш дар байни хизматчиёни ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои низомии Вазорати мудофиа толору майдончаҳои хуби варзишӣ ва дигар шароитҳои зарурӣ муҳайё гардонида шудааст, ки чунин шароитҳо имкон медиҳад, тамоми машғулиятҳои ҷисмонӣ сари вақт ва дар сатҳи лозима ташкилу ба роҳ монда шаванд.

Ин аст, ки айни ҳол дар тобеияти тамоми ҷузъу томи Вазорати мудофиа дастаҳои варзишгар амал карда, онҳо дар тамоми мусобиқаҳо ширкати фаъолона менамоянд.

Дар воқеъ Артиши милли Тоҷикистон бисёр ҷавон аст, яъне он таърихи ҳамаги 31-сола дорад. Дар як муддати кӯтоҳ Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо иродаи қавӣ дар роҳи омӯзишу тайёр намудани ҳайати шахсӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва дар самти пурзӯру мустаҳкам намудани қудрати мудофиавии мамлакат, кадамҳои устувор гузошт.

Ин нуқтаро Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд намуда, саҳми ҳайати шахсии ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳро дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва дар таъмини амнияти давлату ҷомеа бузург арзёбӣ менамоянд.

 “Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоемки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ӯҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Ман ба ғайрату матонатдалериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам”.

Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳои Артиши миллӣ омодаанд, ки талаботи қонунҳои амалкунанда, амру фармонҳо, дастуру супоришҳо, иқдому ташаббусҳо ва роҳнамоиҳое, ки аз тарафи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо гузошта мешаванд, бечунучаро, саривақт ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник