Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ироаи як изҳорот дар сомонааш аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ, ки иҷозатнома доранд ва бо ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд, истифода баранд.
Вазорати нақлиёт аз мусофироне, ки нияти аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия сафар кардан доранд, даъват кардааст, ки чиптаҳоро дар терминалҳои мусофирбарӣ танҳо аз ширкатҳои нақлиётие, ки иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, харидорӣ кунанд.
“Ҳоло дар бозори байналмилалии мусофиркашонӣ соҳибони автобусҳое, ки иҷозати дахлдор надоранд, хизматрасониҳои худро пешниҳод менамоянд. Дар натиҷа, вақте мусофир берун аз кишвар ба сафар мебарояд, вай якчанд сарҳадро убур мекунад ва агар ронанда ҳуҷҷатҳои дахлдор надшта бошад, табиист, ки метавонад мушкилот пеш ояд“- омадааст дар изҳороти Вазорати нақлиёт.
Ба бовари Вазорати нақлиёт, ширкатҳои нақлиётии кишварамон, ки барои ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон иҷозатномаи расмӣ доранд, хизматрасонии худро бо сифат ва мутобики талаботи моддаҳои 45 («Шартҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бо нақлиёти ҷамъиятӣ») ва 50 («Ҳуқуқу уҳдадориҳои интиқолдиҳанда») – и Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоранд.