Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти фалаксарои машҳур, сароянда ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Ўзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи орденҳои «Дӯстӣ» ва «Шараф» Давлатманд Холов сахт андуҳгин буда, ба аҳли пайвандону наздикон, дӯстону мухлисон ва ҳаводорони ин сарояндаи нотакрор тасаллияту ҳамдардӣ баён намуда, аз даргоҳи Худованд ба наздикону пайвандони эшон сабри ҷамил мехоҳад.
Давлатманд Холов 26 октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи ҳунарманди суннатии тоҷик ба дунё омадааст. Соли 1958 таҳсилро аз мактаби деҳа оғоз намуда, соли 1963 дар мактаб-интернати ба номи А. Деҳотии шаҳри Кӯлоб ва соли 1964 дар интернати давлатии «Коммунизм»-и деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин идома медиҳад. Соли 1971 ба шуъбаи мусиқӣ ва суруди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм менамояд. Сипас, ба Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба кор меояд. 20 июли соли 1989 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманд Холов ансамбли давлатии «Фалак» таъсис ёфта, номбурда аз соли 2004 то соли 2020 ба сифати роҳбари ин ансамбли Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари бадеӣ кору фаъолият намудааст. Давлатманд Холов дар кишвархои хориҷ низ ҳаводорони зиёд дошт, ўро чун ҳунарманди асили мардуми тоҷик мешинохтанд, дар ҷашнвораву маҳфилҳои онҳо иштирок менамуд, санъати оҳангсозӣ ва сарояндагии ӯро ҳамагон эътироф кардаву то ба ҳанӯз арҷ мегузоранд. Давлатманд Холов давоми фаъолияти эҷодии хеш қариб ба 100 кишварҳои гуногун беш аз 150 сафари ҳунарӣ намуда, сарбаландона санъати бузурги миллиро муаррифӣ кардааст. Саҳми мавсуф дар рушду нумӯи санъати мусиқии миллӣ бузург аст. Давлатманд Холов тавонист санъати фалакро дар шакли ғазалхониву рубоихонӣ ҳифз намуд ва саҳми худро дар рушду пешрафти ин навъи санъати ниёгон гузошт. Маълум аст, ки санъати Фалакхонӣ ҳам сарояндагӣ ҳасту ҳам оҳангсозӣ. Давлатманд Холов аз ибтидо ин ду ҷабаро пайгирӣ намуда, дар асоси қавоиди фалакхонӣ асарҳои хеле пурмазмун офаридааст. Ин асарҳои ҳунарманд на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, хусусан дар мамолики ҳамфарҳангу ҳамзабони мо Эрону Афғонистон, кишварҳои Осиёи Миёна хеле баланд пазируфта шудаанд. Давлатманд Холов услуби беназири сарояндагӣ дошта, зиёда аз 200 суруд эҷод кардааст.
МУКОФОТ ВА ҶОИЗАҲО:
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,
Ордени «Шараф» дараҷаи I,
Ордени «Дӯстӣ», Ордени санъат ва адабиёти Фаронса