Дар вилояти Нуристони Афғонистон ярч фаромада, боиси ҳалокати 25 нафар гардид. Дар ин бора шабакаи телевизионии Тулунюс хабар медиҳад.
Ба иттилои ин расонаи хабарӣ ҷасади фавтидагон аз зери харобаҳо берун оварда шудааст, ки аксари қурбониён занону кӯдакон мебошанд. Гуфта мешавад, ки эҳтимол теъдоди фавтидагон афзоиш ёбад, зеро даҳо нафар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардида, инчунин ҷасади чандин каси дигар дар зери харобаҳо боқӣ мондаанд. Ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ боришоти шадиди барф ва сардии ҳаво ба кори наҷотдиҳандагон монеа пеш овардааст.