ДАР ПОЙТАХТ ФЕСТИВАЛИ АФСАРОНУ САРБОЗОН ДОИР МЕГАРДАД

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи он баргузории чорумин Фестивали афсарону сарбозон таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам” таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардидааст.

Тавре сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанб хабар медиҳад, дар ҷаласа намояндагони масъули Вазорату Кумитаҳои қудратӣ, роҳбарияти қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе, комисариати ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳо, сохторҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳо ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба баргузории Фестивали афсарону сарбозон ва дигар чорабиниҳо бахшида ба Рузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода вазифгузориҳо сурат гирифт.

Дар идома Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамчун ҳамоҳангсозӣ чорабинӣ вазифадор гардид, ки чиҳати назорат ва баргузории чорабиниҳои маърифативу фархангӣ ва варзишии дохилифестивал чораҷӯӣ намуда, бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҳамкории муштаракро ба роҳ монанд.